Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Темурмалик, Муъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Данғара ва шаҳри Норак

14.06.2014 10:58, шаҳри Душанбе

Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Темурмалик, Муъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Данғара ва шаҳри Норак телефонӣ ҳисобот доданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба натиҷаҳои фаъолият дар панҷ моҳи аввали соли равон, аз ҷумла иҷрои нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосили ғалладона ва меваю сабзавоти барвақтӣ ва васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ зоҳир гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дигар омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид дошт, ки барои таъмини фаровонӣ дар бозори дохилии истеъмолӣ аз ҳар ваҷаб замини обии корам пурсамар истифода бурда, ду ва зиёда ҳосил рӯёнанд.

Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дигар корхонаю муассисаҳо, вусъат додани ҳама гуна корҳои ободонию созандагӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ дода шуд.

Таъкид гардид, ки соҳибкорони ободгару бунёдкорро ба корҳои созандагӣ васеъ ҷалб намуда, ба ташкил ва густариши фаъолияташон ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520