Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон

17.06.2014 17:03, шаҳри Душанбе

Тафсилоти бештари масоили вобаста ба рушди ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахш ҳавасмандии амиқ зоҳир намуданд.

Бо изҳори ҳавасмандӣ ба тавсиаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зарурати саҳл намудани имконоти ҳамлу нақл ва транзитӣ, дарёфти роҳҳои нави иртиботӣ таъкид гардид.

Дар ин росто омодасозии созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитии миёни Тоҷикистону Покистон аз тариқи Афғонистон ва пайвастани Тоҷикистон ба Созишномаи чоргонаи Покистон – Чин – Қазоқистон – Қирғизистон басо муҳим дониста шуд.

Гуфтугӯйи судманд доир ба бунёди хатти барқии CASA-1000 ва татбиқи босамари бисёр лоиҳаҳои дигари дорои аҳамияти минтақавӣ низ сурат гирифт.

Ду ҷониб доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи мунтазираи Афғонистон ва хатарҳои терроризму ифротгароӣ табодули назар намуда, ҳавасмандии амиқи худро ба таҳкими ҳамгироии минтақавӣ бар зидди чунин таҳдидҳои ҷаҳони муосир таъйид намуданд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни ду кишвар 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нахуст зери Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи густариши шарикӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имзо гузоштанд.

Санадҳои дигари имзошуда инҳоянд:

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ;

- Ёдошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон тавассути Вазорати саноати нассоҷӣ дар бахши рушди соҳаи нассоҷӣ;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ;

- Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Департаменти китобхонаҳо, маъмурияти шаҳр ва шуъбаи рушди Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон.

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломобод;

Зимни изҳороти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои шарикии Тоҷикистону Покистон баҳои баланд доданд.

Муҳаммад Навоз Шариф аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дар вақти барои ҷониби Тоҷикистон мувофиқ ба Покистон бо сафари расмӣ ташриф барад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520