Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мавсими нави ниҳолшинонӣ

19.11.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз ёфт.

Субҳи имрўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи назди Наврўзгоҳи пойтахт, ки дар дохил ва атрофи ипподроми шаҳрӣ бунёд ёфтааст, ташриф оварда, ба бунёди боғи нави Наврўзгоҳ оғози расмӣ бахшид.

Тавре иттилоъ дода шуд, боғи Наврўзгоҳ дар майдони 15 гектар саҳни даромадгоҳ ва атрофи Наврўзгоҳи пойтахт доман паҳн менамояд. Худи ҳамин рўз, аллакай садҳо ниҳоли сояафкану ороишӣ, аз ҷумла аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шинонда шуд.

Тибқи нақшаи генералӣ боғи Наврўзгоҳ ба ғайр аз қитъаҳои зебои дарахтони нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо, ҳамчунин аз як шаршараи боҳашамат, фаввораҳо, майдончаҳои бозию дилхушии кўдакон ва ғайра иборат хоҳад буд.

Зимни шиносоӣ бо анвои ниҳолҳои ороишию сояафкан, гулу гулбуттаҳо ва нақшаи генералии бунёди боғи Наврўзгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои ҳар як намуди ниҳол ва гулу гулбуттаҳо қитъаҳои алоҳида ҷудо карда шаванд ва ин кор бояд тарзе сурат гирад, ки аз диданаш кас лаззат барад. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин боғҳо, ки ҷойи истироҳату фароғат ва сайру гашти мардум хоҳанд буд, худ як санъат аст ва бунёдкунандагони он бояд завқи баланд дошта бошанд. Аз ин хотир дастур дода шуд, ки ба ин кор мутахассисони сатҳи баланди дорои завқу салиқаи махсус ва ҳисси қавии зебоипарастӣ ҷалб карда шаванд.

ҳамин гуна супоришҳо, ҳамчунин доир ба ободонии боғи Рўдакӣ ва боғу гулгаштҳои атрофи пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Нишони Тоҷикистон, Парчами давлатии Тоҷикистон, ки ҳама ҷузъҳои як ансамбли зебои фарҳангӣ дар маркази пойтахт мебошанд, дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки бевоситаи худ дар оғози бунёди боғи Наврўзгоҳ мавсими нави ниҳолшинонӣ, кабудизоркунии муҳити зист, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти куҳнаро дар кишвар шуруъ намуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон эълом дошт, ки аз ҳамин рўз мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз ёфт ва он метавонад 5 моҳи пурра идома ёбад. Таъкид гардид, ки иқлими аксари минтақаҳои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз даҳаи сеюми моҳи ноябр то 5 моҳи дигар ниҳолшинонӣ ба роҳ монда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520