Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.11.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси навбатӣ нахуст Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2012 тасдиқ гардида, ҳисоботи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд доир ба Тадбирҳои беҳсозии вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 31 октябри соли 2009 қабул гардида буд, шунида шуд.

Тавре зикр гардид, дар соли 2010 ва 7 моҳи соли 2011 бо харҷи қариб 1,5 миллион сомонӣ ҳолати мелиоративии 1615 гектар заминҳои обии кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тавассути тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, паст намудани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва дигар корҳои зарурӣ беҳ шудааст. Дар маҷмўъ бояд ҳолати мелиоративии беш аз 7 ҳазор га замин дар ин ноҳия беҳ карда шавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои татбиқи босамар ва саривақтии ин кор ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ низ маблағ ҷудо карда шавад.

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Раиси ноҳияи Шаҳринав доир ба рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ин ноҳия дар давраи то соли 2015 ҳисобот дод.

Ба иттилои Раиси ноҳия, барои татбиқи ин барнома дар солҳои 2007-2015 аз сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ ҷудо намудани 67 миллиону 596 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Тайи 4 соли гузашта барои корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Шаҳринав 31 миллиону 205 ҳазор сомонӣ аз худ шуда, аз ҷумла 13 иншооти нав сохта ба истифода дода шудааст ва бунёди 12 иншооти дигар идома дорад.

Дар маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар як зумра барномаҳои нав, аз ҷумла Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020, Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2012-2014, Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кўмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2012-2013, Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2012, Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013, Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016, қоидаҳои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторию курортӣ ва қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон тасдиқ карда шуд.

Барномаи нави сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2012-2014 бо ҷалби беш аз 15 миллиард доллари амрикоӣ татбиқи зиёда аз 100 лоиҳаро дар назар дорад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ин барнома ҷалби сармоягузорӣ ба навсозии роҳҳои мошингарди Хуҷанд-Исфара, Айнӣ-Панҷакент, Ҳамадонӣ-Фархор-Панҷ, Восеъ-Темурмалик, Кўлоб-Ховалинг, Дарғара-Темурмалик-Балҷувон-Ховалинг ва ҳамчунин бунёди мактабу шифохонаҳои нав ва дигар иншооти иҷтимоӣ ба назар гирифта шавад.

Тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013 дар давоми 2 соли оянда дар кишвар бояд наздики 250 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуда, беш аз 27200 нафар бекорон ба ҳунаромўзӣ ҷалб гарданд. ҳамчунин ҷудо намудани 5,8 миллион сомонӣ барои додани қарзҳои хурди имтиёзӣ ба шаҳрвандони бекор барои ташкили соҳибкорӣ дар назар дошта шудааст. Дар маҷмўъ барои татбиқи босамари ин барнома харҷи беш аз 25,2 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳадафи асосии Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 бошад, пеш аз ҳама ғанӣ гардондани заминаи истихроҷи ашёи минералӣ, қонеъ намудани корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми ватанӣ ва коҳиш додани ҳаҷми воридоти он аз хориҷи кишвар мебошад.

Дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016 ҷудо намудани зиёда аз 105 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ барои бунёди 73 иншооти нав, аз ҷумла мактабу шифохонаҳо, варзишгоҳу толорҳои варзишӣ, биноҳои маъмурӣ, корхонаҳои хурди саноатӣ, 23 нерўгоҳи хурди обии барқӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст. Мутобиқи барнома, ҳар сол дар ноҳияи Рашт бояд на камтар аз 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шавад.

Лоиҳаи як ?атор қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи чанд қонун доир ба ворид намудани та?йиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи кишвар маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Та?йиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва ба кодексҳои андозу гумрук пешниҳод гардид.

Мутобиқи тағйироти ба кодексҳои андозу гумрук пешниҳодшуда, воридоти техникаю таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, ки ба тариқи лизинг ё худ қарзи молиявӣ ҷалб карда мешаванд, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Ин тадбири навбатии ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ буда, ба дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ барои навсозии воситаҳои истеҳсолӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва тақвият додани қудрати содиротии кишвар равона гардидааст.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба сербориш омадани тирамоҳи соли равон ва пешгўиҳо доир ба серборишии зимистону баҳори пешомад ба масъулини дахлдор дастур дод, ки аз ҳозир ба мавсими обхезиҳои соли оянда ва пешгирӣ аз оқибатҳои вазнини офатҳои табиӣ омодагии ҷиддӣ бинанд.

Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2011, суръат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, сохтмони корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, ба истеҳсолоти кишоварзӣ баргардондани заминҳои бекормонда, ҳарчи зиёд муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, ба анҷом расондани киштукори тирамоҳӣ, дастгирии аҳолии ниёзманд ва бо омодагии ҷиддӣ гузарондани мавсими зимистон дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520