Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми телевизионӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

27.06.2014 08:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони гиромӣ!

Фардо барои кулли мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Дар ин моҳ Худои мутаъол барои муъминон Қуръони азимушшаънро ҳамчун ҳодии роҳи рост ва баёноти воқеии ҳар лаҳзаи моҳи мубораки Рамазон фурӯ фиристод, ки он навозишгари дилу рӯҳи поки мусулмонон мебошад.

Ба муносибати оғози моҳи мубораки Рамазон – моҳи меҳрубониву инояти илоҳӣ, нузули раҳмату мағфират, баракату иҷобати дуоҳо ҳамаи ҳамватанони азизро табрик намуда, аз Худованди таъоло ба сокинони кишвар нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро талабгор ҳастам.

Моҳи мағфирати Рамазон дар баробари рӯзадорӣ, ҳамчунин озодагии рӯҳ, изҳори имондориву тақво, ҳамгироиву ҳамбастагӣ бо аҳли имонро дарбар гирифта, вуҷуди инсонро ба макони ҳусни адаб мубаддал месозад.

Барои ҳар як фард қалби худро ба макони меҳру адаб табдил додан, бо вуҷуди қудрату тавоноӣ фурӯтану шикастанафс будан, таҳаммул ҳангоми ғазаб ва хайру саховатмандиро нигоҳ доштану афзудани ин хислатҳо махсусан дар моҳи Рамазон савоби азим мебошад.

Ҳар як мусулмон эҳтироми моҳи Рамазонро ба ҷо оварда, тавассути некиву эҳсонкорӣ ба ниёзмандону дармондагон мададу ёрмандиҳо расонида, аз бадиву гуноҳҳо худдорӣ кунад, дигаронро ба роҳи ростиву накӯкорӣ ҳидоят намояд.

Худованд дар ин рӯз мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед! Рӯзаи моҳи Рамазон бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки бар миллатҳои пеш аз шумо фарз гардида буд, бошад, ки парҳезгор шавед».

Рамазон моҳи сабру таҳаммул, моҳи боз гаштани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсон устувориву пойдорӣ меомӯзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад ва дар замираш парҳезгориро тақвият мебахшад.

Дар ин маврид дар ояи 185-уми сураи «Бақара» омадааст: «Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон нозил шудааст, китобе, ки мардумро роҳбар ва дарбаргирандаи далоили ошкори ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст. Ва ҳар кӣ аз шумо ин моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад ва ҳар кӣ бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай ба шумори он чӣ имкон надошт, аз рӯзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад».

Моҳи Рамазон ҳам дар каломи раббонӣ ва ҳам дар ҳадисҳои паёмбари Худо борҳо ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо таъкид шудааст.

Чунончи дар ҳадиси шариф омадааст, ки расули Худо рӯзе дар арафаи моҳи рамазон фармуд: «Рамазон, ин моҳи баракат, бар шумо фаро расид, моҳе, ки Худованд шуморо дар он дар зери пӯшиши навозишҳои худ қарор медиҳад: раҳматашро бар шумо фуруд меоварад, гуноҳҳоятонро фурӯ мерезад ва дуъоятонро иҷобат менамояд.

Ба аъмоли нек ва рақобати хайри шумо дар ин моҳ назар меафканад ва бо шумо дар миёни фариштагонаш ифтихор менамояд. Пас, аз худ хайру некиро ба Худованд нишон диҳед».

Парҳезгориву лутфу эҳсон ба атрофиён, дасти фитодаеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба мискинону бенавоён кумак кардан, худдорӣ аз ҳама гуна амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи нек ва тақвияти он ба воситаи амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон зарур дониста шудааст.

Анҷом додани амалҳои неку писандида, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартаба ва обрӯю эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки барои ба даст овардани ризои Худованд, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ, оростани маъракаҳои серхарҷу зиёдатӣ волотарин амалҳо дар дини мубини ислом ба шумор мераванд.

Мо ҳеҷ гоҳ фармудаи Худои таолоро набояд фаромӯш кунем, ки дар сураи Исро гуфтааст: “Ва ҳеҷ исроф макун! Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст”.

Хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он зикр шудааст, садақа ба наздикон, ятимону маъюбон, оилаҳои бесарпарасту камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Дар таълимоти дини мубини ислом додани фитри рӯза низ ба онҳо борҳо таъкид шудааст.

Паёмбари гиромӣ нисбат ба афроде, ки ятимонро ба сарпарастӣ мегиранд, фармудаанд: «Ман ва сарпарасти ятим дар ҷаннат инчунин дар паҳлӯи якдигар қарор дорем".

Мувофиқи фармудаи шариат ҳар як инсон бояд аз роҳи ҳалол ризқу рӯзии худро ҷустуҷӯ намояд, зеро луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракати Худованд дар рӯзгор ва хонадони ӯ мегардад.

Бахусус, сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро ба бародарони муъмин арзонӣ фармоянд, ба ивази он сазовори аҷри азим аз тарафи Худованд хоҳанд шуд.

Аз ҷониби дигар, маҳз дар адлу инсоф ва сидқу вафои тоҷир устувории имон ва эътиқоди ӯ ба арзишҳои исломӣ равшан мегардад.

Дар ин робита расули акрам фармудаанд: "Тоҷири ростгӯи амонатнигоҳдор рӯзи қиёмат ҳамроҳи паёмбарон, сиддиқон ва шаҳидон мебошад".

Аз тарафи дигар, ба хотири фоидаи бештар гирифтан арзиши молро баланд бардоштан, хусусан дар моҳи шарифи Рамазон гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад.

Дар ин маврид паёмбари ислом фармудаанд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳад дод».

Бинобар ин, инсон бояд зимоми нафсашро дар ихтиёр гирифта, ҳирсро ба қаноат табдил диҳад.

Рӯза дорои фоидаҳои маънавӣ, ҷисмӣ ва иҷтимоӣ буда, инсонро дар мактаби сабру таҳаммул тарбият менамояд, хештандорӣ ва равиши худидоракуниро ба инсон омӯзиш медиҳад, назму ҳамоҳангиро дар миёни мардуми мусулмон густариш медиҳад, дилбастагӣ ба адолат ва баробариро дар вуҷуди инсон таҳким мебахшад, меҳрубониву дилсӯзӣ ва эҳсоси масъулиятро дар ботини одам бедор месозад, шарру фасод ва разоили ахлоқиро дар миёни мардум коҳиш медиҳад.

Хислати аз ҳама муҳимтар парҳезгорӣ ва поку нек зистанро дар инсон тақвият мебахшад, ки волотарин ҳадафи ибодатҳои илоҳӣ низ ҳамин мебошад.

Анъана ва суннати неки дигар, ки дар моҳи Рамазон анҷом дода мешавад, ба ниёзмандон хайру саховат кардан аст.

Ҳадяи бузурги инсон дар ҳарду дунё аз ҳиммати ӯ вобаста мебошад, зеро ҳиммати баланд доштану ба ниёзмандон дасти сахо дароз намудан, албатта мавриди эҳсони Худованди меҳрубон қарор мегирад.

Аз ин рӯ, яке аз фоидаҳои иҷтимоии рӯза таваҷҷуҳ ба ҳоли бечорагону камбизоатон мебошад ва ҳар вақте, ки сарватмандон ба фақирон меҳру муҳаббат ва бахшиш дошта бошанд, дар амри хайри тарбияи ятимон саҳми инсондӯстона гузоранд, дар байни табақоти ҷомеа муҳити сафову самимият ба вуҷуд меояд.

Дар Қуръони карим инсони садақадиҳанда ба донае монанд карда шудааст, ки аз он ҳафт хӯша мебарояд ва ҳар хӯшаи он сад дона дорад.

Маълум мешавад, ки Худованд барои ҳар садақа ҳафтсад баробар подош медиҳад ва ҳатто бештар аз онро ҳам ба садақадиҳандаҳо метавонад бибахшад.

Паёмбари гиромӣ фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».

Аз ин рӯ, дар ин моҳи муборак ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону дармондагон ва оилаҳои камбизоат дасти ёрӣ дароз кардан, дар ободии кишвар саҳмгузор будан, дар баровардани ниёзҳои мардум мусоидат намудан ҳам фарз асту ҳам суннат.

Дар фарҷом фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба ҳамаи мардуми кишвар муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди таоло барои ҳамаатон хонаи обод, чеҳраи ҳамеша хандону шод, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ, фарохдастӣ, имони комил ва саодати рӯзгорро орзу дорам.

Бигзор моҳи мубораки Рамазон ҳамроҳ бо тоату ибодат, мактаби парҳезгорӣ, ҷавонмардиву саховат, раҳмату мағфират, бо худ ба диёри мо боз ҳам сулҳу субот, оромиву осоиш ва файзу баракат дар хонадони ҳар як сокини кишварро таъмин намояд!

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520