Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи геологияи тоҷик

09.12.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи нави геологии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, бо намояндагони сершумори соҳаи геологияи тоҷик ва масъулони сатҳи давлату ҳукумат мулоқоти озоду ошкоро доир намуд.

Субҳи имрўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи навбунёди геологии Тоҷикистон, ки баъди навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ба истифода омода гашта буд, ташриф оварда, онро ифтитоҳ намуд.

Зимни боздид аз осорхона, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо намунаҳои беш аз 4,5 ҳазор навъи сарватҳои табиии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар ин ҷо намунаҳои сангҳои гаронбаҳо, аз қабили зумуррад, ёқут, лаъл, фирўза, сангҳои нимгаронбаҳо, металҳои рангаи гаронбаҳо, металҳои сиёҳ, сангҳои ороишию сохтмонӣ, ашёи хоми саноатӣ, масолеҳи бинокорӣ, маводи сўхт аз қабили ангишт, сангҳои варақии сўзанда ва дигар сарватҳо пешкаш гардидаанд.

Дар ин осорхона, ҳамчунин 25 намуд минералҳои нав пешниҳод гардидаанд, ки аз ҷониби олимони геологи Тоҷикистон, асосан дар замони истиқлолияти давлатӣ кашф шуда, ба таснифи байналмилалӣ шомил гардидаанд ва ин минералҳо танҳо дар сарзамини кишвари мо во мехўранд.

Тавре аён гардид, Тоҷикистон бо конҳои бешумор аз сарватҳои табиӣ худ ба як осорхонаи азими табиии геологӣ монанд аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам зебою дилкаш ва ба мақсад мувофиқ намудани осорхона маслиҳатҳои муфид дод. Аз ҷумла таъкид гардид, харитаи геологии Тоҷикистон аз нав бо нишон додани тамоми конҳои сарватҳои табиӣ таҳия карда шавад, то ки сайёҳону сармоягузорони дохилию хориҷӣ, олимону омўзгорон, донишҷўён ва дигар шавқмандон дар бораи сарватҳо ва конҳои онҳо маълумоти мушаххас гирифта тавонанд.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Кохи ҷавонони пойтахт ташриф оварда, дар толори бузурги он бо зиёда аз 400 нафар масъулону мутахассисон ва донишҷўёни ин соҳа мулоқоти тўлонии озоду ошкоро доир намуд.

Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои сершумори аҳли толор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба корҳои геологӣ-ҷустуҷўӣ, иктишофу истихроҷ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми ватанӣ, коркарди саноатии сарватҳои табиӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, тарбияи кадрҳои ҷавони соҳа ва бештар намудани шуҳрати ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи геология супоришҳои мушаххас дод.

Ба масъулини дахлдор дастур дода шуд, қоидаҳои тартиб додани санадҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷиро ба низом дароварда, манфиатҳои давлатии Тоҷикистон ва мардуми кишварро дар мадди аввал гузоранд.

Ба роҳбарияти Вазорати маориф, муассисаҳои олии таълимӣ ва пажўҳишгоҳҳои илмии соҳа дастур дода шуд, ки барои таълиму тарбияи босифати кадрҳои ҷавон техникаю таҷҳизоти муосир ворид намуда, аз тамоми имкону захираҳо истифода намоянд. ҳамчунин ба корхонаҳои истеҳсолии соҳаҳои гелогия ва саноату энергетика дастур дода шуд, ки барои таҷрибаомўзии донишҷўёну олимони ҷавон ҳамаи шароити заруриро муҳайё созанд.
дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи геологияи тоҷик
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ба ифтихори ифтитоҳи Осорхонаи геологии Тоҷикистон ва такони тоза пайдо намудани корҳо дар ин соҳа имрўз 9 декабр Рўзи геологҳои тоҷик, иди касбии онҳо эълон карда шавад. Пешниҳод бо хушнудӣ пазируфта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520