Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи сардорони ситодҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Халид Шамим Вайнро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, пеш аз ҳама низомӣ ва низомӣ-техникии ду кишвар баррасӣ шуд.
Аз ҷараёни ҳамгироиҳои муштараки сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳукуқи ду кишвар, ки бештар ба мубориза бар зидди хатару чолишҳои ҷаҳони муосир чун терроризму ифротгароӣ равона шудаанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Покистон ҳамгироии худро дар самти табодули иттилоот ва таҷриба дар муборизаи зидди терроризму ифротгароӣ бояд тақвият диҳанд.
Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба мусоидат ба барқарорсозии амну субот дар Афғонистон ва дигар масоили минтақавӣ сурат гирифт.