Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

01.07.2014 11:09, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини соҳаи кишоварзӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт машварати корӣ доир намуд.

Дар машврат масоили вобаста ба ҷамъоварии саривақтии ғалладона аз заминҳои обӣ, ҳарчи зудтар ба роҳ мондани кишти такрорӣ, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозор, кумакрасонӣ ба ниёзмандон, омодагӣ ба зимистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузориши масъулини ҷумҳуриявӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳоро доир ба мавзӯъҳои мазкур шунида, барои ҷоннок намудани корҳо ва бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ба онҳо супоришҳо дод. Бо изҳори нигаронӣ аз кашол ёфтани ҷамъоварии ғалладона аз заминҳои обӣ ва дермонии кишти такрорӣ дастур дода шуд, ки барои бартарафсозии ин камбудии ҷиддӣ чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд. Таъкид гардид, ки бо истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корами обӣ бояд ду ва зиёда ҳосил рӯёнда шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ изҳор дошт, ки “нархи сӯзишворӣ нисбат ба чанд соли охир хеле паст шуда, хӯроки чорво дар ҷумҳурӣ фаровон аст ва арзиши гӯшт дар бозор набояд боло равад. Бо ёдоварӣ аз ин ҳолат таъкид гардид, ки “болобарии сунъии нархҳо бояд пешгирӣ карда шавад ва ҳамзамон тавассути афзун намудани истеҳсолот ва таъмини фаровонӣ дар бозорҳо ба паст шудани нархҳо мусоидат бояд кард”.

Раисони шаҳру ноҳияҳо уҳдадор шуданд, ки кишоварзону дигар истеҳсолкунандагонро ба иҷрои супоришу маслиҳатҳои Сарвари давлат раҳнамун сохта, ба ислоҳи ҳолати кунунӣ ноил мешаванд.

Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба рушди минбаъдаи зотпарварӣ, тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, содироти меваю сабзавот, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, тармиму навсозии муассисаҳои таълимӣ, вусъат додани корҳои ободонӣ, иҷрои саривақтии буҷети давлатӣ ва пардохти саривақтии маошу нафақа дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки хайроту садақоти моҳи шарифи рамазон ва иди саиди фитр бояд ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат расонда шавад, то ки дили ин табақаҳои ниёзманди аҳолӣ шод гардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520