Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

03.07.2014 12:25, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

"Муҳтарам Александр Григоревич!

Ман аз он сарфарозам, ки ба ифтихори солгарди ҷашни миллии Беларус аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти гарму самимӣ мефиристам. Мо ба сатҳи ҳамкориҳои кишварҳоямон, ки тӯли солҳои охир марҳилаи сифатан навро дар тавсеаю таҳким ва дар асоси принсипҳои якдигарфаҳмию эътимод рушд мекунад, баҳои баланд медиҳем. Умед дорам, ки қарорҳои қабулнамудаи мо зимни сафари расмиям, ки чанде қабл ба кишвари зебои Шумо сурат гирифт, такони наверо дар рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳоямон ба бор меорад.

Шуморо бовар мекунонам, ки ҷониби Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани ин қарордодҳо ба хотири таҳкими минбаъда ва тавсеаи муносиботи дуҷониба аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.

Сидқан ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич тандурустии комил, хушбахтӣ, комёбӣ баҳри амалӣ намудани мақсадҳоятон дар шукуфоии Ҷумҳурии Беларус ва барои халқи бародари Беларус дастоварду пешрафт ва шукуфоиро таманно менамоям".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520