Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Барак Ҳусейн Обама

04.07.2014 08:45, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Барак Ҳусейн Обама барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва тамоми мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба муносибати фаро расидани ҷашни миллӣ – солгарди Рузи истиқлолият сидқан табрик ва таҳният гӯям.

Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро бо Амрико яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад. Аз ин рӯ, мо ба рушди муносибатҳои худ бо Иёлоти Муттаҳида таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамоем ва ҷонибдори инкишофу нумӯъи ҳар чӣ бештари онҳо дар арсаҳои гуногун ҳастем. Итминон дорем, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ ва, хусусан, тиҷоративу иқтисодӣ ба пояҳои баландтар бардошта хоҳанд шуд.

Нақши Амрико дар масоили ривоҷи муносибатҳои созанда дар минтақаи мо низ назаррас аст. Аз ин рӯ умедворем, ки кишвари Шумо, бо назардошти хуруҷи нерӯҳои эътилофӣ аз Афғонистон, минбаъд низ, ба масъалаи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир хоҳад кард.

Дар ин рӯзи саид ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Амрико хушрӯзӣ ва саодат орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520