Имрӯз бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик иваз карда шуд.
Ба ҷойи Раиси қаблии ин ширкат Аслиддин Назарзода, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод карда шуд, Рустам Раҳматзода Раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик таъин карда шуд.
Рустам Раҳматзода, ки то ин вақт Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд буд, мутахассиси варзида ва таҷрибадори соҳаи иқтисод ва идораи давлатӣ мебошад.
Ба ҷои Мирзо Маҳмудзода ба вазифаи Муовини якуми раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик Ҷамшед Бобоев ва ба ҷойи Сулаймони Қосим ба вазифаи Муовини раиси ин ширкат Баҳром Азимов таъин карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дастур дод, ки барои муайян намудани мувофиқати тахассусии кормандони ин ширкат ба вазифаҳои ишғолнамуда, санҷиши натиҷаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва маҳорати касбии онҳо ҳамаи кормандони он аз аттестатсия гузаронда шаванд. Таъкид гардид, ки сифат ва самаранокии кори Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик ва хусусан ҳолати иқтисодию молиявии ин ширкати бонуфуз бояд баланд бардошта шавад.
Дар робита ба беҳсозии ҳолати молиявии Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти роҳбарият ва кормандони раёсати фурӯши барқ зоҳир карда шавад, то ки ҳолатҳои номатлуб ба мисли азхудкунии ғайриқонунии маблағҳо, рӯйпӯш намудани дуздии муштариён, аз меъёрҳои маъмулӣ зиёд нишон додани талафоти технологию тиҷоратии нерӯи барқ аз миён бардошта шавад.