Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаев

08.07.2014 14:58, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаевро бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Қирғизистон суҳбати судманд сурат гирифт.

Урмат Саралаев изҳор дошт, ки бо истифода аз таҷриба ва равобите, ки дар Тоҷикистон касб кардааст, минбаъд низ барои таҳким ва густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя саҳми худро мегузорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520