Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби якуми раиси Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжу Хунҷе

28.02.2012 13:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби якуми раиси Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжу Хунҷеро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории ду ҷониб баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо қарзҳои имтиёзноки ин бонк дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузургҳаҷми бунёди хаттҳои барқии 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол, 220-киловолтаи Лолазор-Хатлон ва Хуҷанд-Айнӣ анҷом ёфта, навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Чанок, Душанбе-Данғара-Кўлоб-Хорўғ-Кулма, нақбҳои мошингузари Шаҳристону Чормағзак ва татбиқи дигар лоиҳаҳо бомуваффақият идома дорад.

Ҳарду ҷониб ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судбахш дар соҳаҳои роҳсозӣ, энергетика, саноати кўҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520