Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи маҷмааи хизматрасонии Даҳбед дар ноҳияи Ҳисор

15.08.2014 14:46, шаҳри Ҳисор

Дар кӯчаи ба номи Н. Қаюмови маркази ноҳияи Ҳисор бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Даҳбед, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари Тоҷпромбонк Ҷамшед Зиёев бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре аён гардид, ин маҷмааи зебо дар заминҳои бекори ба партовгоҳ табдилёфта бунёд гардида, ин мавзеъро ба як гӯшаи зебои мулки Ҳисор мубаддал намудааст.

Маҷмаа аз меҳмонхонаи муосири дорои 60 кати хоб ва ҳамаи шароити зарурӣ, коргоҳи дӯзандагӣ бо 200 ҷойи корӣ, маркази савдои дорои 75 фурӯшгоҳ, ошхонаю чойхона ва дигар дӯконҳо иборат аст. Тамоми мебели ба меҳмонхонаи ин маҷмаа воридшуда истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ мебошад. Дар як гӯшаи маҷмаа ҳамчунин маркази хизматрасонии Тоҷпромбонк ифтитоҳ ёфтааст, ки барои осону қулай намудани кори тоҷирон пешбинӣ шудааст. Дар ин маҷмаа беш аз 500 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ки 400 нафари онҳо дӯзандаҳои либос ва устоҳои чирадасти гулдӯзию зардӯзӣ мебошанд. Ғайр аз 200 дӯзандаи дар коргоҳи дӯзандагӣ амалкунанда боз 200 нафар занону духтарони дигар ба кори курпаю курпачадӯзӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ дар хонаҳои худашон таъмин карда мешаванд.

Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор Ҷамшед Зиёев уҳдадор шуд, ки дар як гӯшаи ин маҷмаа боз корхонаи калони дӯзандагӣ бо 1000 ҷойи корӣ бунёд намуда, то моҳи сентябри соли 2015 ба кор медарорад ва шумораи коргарони маҷмааи Даҳбед ба зиёда аз 1500 нафар мерасад.

Аз ҷониби Тоҷпромбонк ба соҳибони ҳамаи 75 дӯкони тиҷоратии маркази Даҳбед ҳамчунин 10 ҳазор долларӣ қарзи имтиёзнок барои оғози тиҷорат ҷудо карда шудааст, ки дастгирии хубе барои тоҷирони навкор мебошад.

Тавре иттилоъ доданд, ин танҳо марҳилаи аввали кор аст, дар марҳилаи дуюм дар ин ҷо мошинбозор ва бозори фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошин ва дигар воситаҳои нақлиёт бунёд меёбад, ки дар онҳо беш аз 1000 нафари дигар соҳиби кори доимӣ хоҳанд шуд.

Дар чойхонаи маҷмааи Даҳбед аз ҷониби роҳбари Тоҷпромбонк ҳамчунин хатнасури дастаҷамъонаи 24 писарча аз оилаҳои ниёзманд ороста шуд, ки кори хайру савоб ва дастгирӣ аз сиёсати башардӯстонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520