Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти сохтмони Қасри Фарҳанг, Китобхона ва Осорхонаи ноҳияи Ҳисор

15.08.2014 15:59, шаҳри Ҳисор

Дар маркази ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони Қасри Фарҳанг, Китобхона ва Осорхонаи ноҳиявӣ шинос шуд.

Тавре иттилоъ доданд, Бинои сеошёнаи Қасри Фарҳанги Ҳисор аз як толори калони дорои 700 ҷойи нишаст ва толору утоқҳои зиёди дигар иборат буда, бо харҷи 17,3 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати 1,3 га бунёд меёбад. Барои сохтмон ва таҷҳизи он аз ҷониби ҶДММ Монолити шаҳри Душанбе 70 нафар ба кор ҷалб карда шудааст.

Китобхонаю Осорхона бошад, ҳарду бо харҷи 15 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд меёбанд. Дар сохтмони онҳо қариб 100 нафар бинокорон бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Биноҳои Қасри фарҳанг ва Китобхонаю Осорхонаи ноҳияи Ҳисор ба ҳам наздик сохта шуда, майдони миёни онҳо тибқи супоришу маслиҳатҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гулу гулзор ва фаввораҳои рангоранг ба як гулгашти зебою сайргоҳи сокинону меҳмонони ин гӯшаи дилписанди Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520