Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз боғи интенсивии деҳаи Ҷавонони ноҳияи Ҳисор ва зироатҳои хоҷагии деҳқонии Амониён

15.08.2014 17:24, шаҳри Ҳисор

Чунонки иттилоъ доданд, боғи интенсивии навъҳои дар бозори ҷаҳонӣ маъруфи себ, аз ҷониби ҶДММ Ситабр агро бо технология ва усулҳои италявию испанӣ дар майдони 10 га бунёд ёфтааст.

Афзалияти аз ҳама муҳими ин боғ аз боғҳои бобоӣ дар он аст, ки ниҳолҳои он дар соли якуми сабзиш аллакай қисман ба ҳосил омада, дар соли чорум пурра ҳосилдеҳ мешавад. Барои пурра ба ҳосил омадани боғҳои бобоии себ қариб 10 сол лозим аст. Ғайр аз ин ҳосилнокии боғҳои интенсивӣ 3-4 баробар аз боғҳои бобоӣ зиёд аст.

Масофаи миёни ниҳолҳо дар қатор аз 90 см то 120 см ва масофаи миёни қаторҳои боғ 3,8 м буда, дар як га 2960 ниҳол шинонда мешавад.

Аз як гектари чунин боғ дар соли дуюм то 25 тонна, соли сеюм то 50 тонна ва аз соли чорум, ки вақти пурра расидани ниҳолҳо аст, то 80 тонна ҳосили себи хушсифату бозоргир рӯёндан мумкин аст. Аксари кулли меваи ин боғ ба хориҷи кишвар содир карда хоҳад шуд, зеро сифати хеле баланди стандарти ҷаҳонӣ дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои дуруст ба роҳ мондани ин кор ҳамчунин барои 3 ҳазор тонна сардхона ва ё яхдони нигоҳдории мева бунёд намоянд ва таъкид дошт, ки ин кор ҳамчунин дастовези хубе хоҳад буд ба истиқболи 3000-солагии Ҳисор.

Нигоҳубини чунин боғҳо, албатта бо технологияи навтарини ба роҳ монда шуда, ҷараёни обу ғизодиҳӣ ва ҳимояи ниҳолҳои аз ҳашароту бемориҳо тавассути барномаҳои махсуси компютерӣ назорат карда мешавад. Ниҳолҳо бо усули қатрагӣ об дода мешаванд.

Дар як гӯшаи ин боғ барои омӯзиши мутахассисон маркази таълимӣ бунёд ёфтааст, ки дар заминаи он Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба донишҷӯёни худ дасрҳои амалӣ ба роҳ мемонад.

Аҳли заҳмати ин хоҷагӣ азм доранд, ки тирамоҳи соли равон дар 10 гектар замини дигар чунин боғ бунёд намуда, майдони умумии онро ба 20 га расонанд.

Дар хоҷагии деҳқонии Амониёни ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори намунавии аҳли заҳмати он бевосита шинос шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, деҳқонони пуртаҷрибаи ин хоҷагӣ аз ҳар гектари картошкаи барвақтӣ то 28 тоннагӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойи он кишти такрории сабзавотро ба роҳ мондаанд.

Аз ҳар га замини ҷуворимаккаи дон, ки бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва риояи агротехнологияи муосир кошта шудааст, то 180 сентнерӣ ҳосил гирифтанианд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520