Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навсозии роҳҳои маҳалли Ҳисор дар авҷ аст

15.08.2014 17:30, шаҳри Ҳисор

Дар маркази ноҳияи Ҳисор Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди авҷи навсозии роҳҳои маҳаллӣ гардид.

Чунонки иттилоъ доданд, бо роҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон танҳо аз ҷониби ширкати ватании Роҳҳои Тоҷик, ки роҳбараш соҳибкори маҳаллӣ Қурбонмурод Неъматов аст, дар ин ноҳия бояд 25 км роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои худи ин ширкат навсозӣ шавад. Қисмати зиёди ин кор то моҳи сентябри соли 2015 дар доираи омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор анҷом ёфта, боқӣ то соли 2016 ба поён хоҳад расид.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520