Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи коргоҳи нави ҶДММ Элегант доир ба истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои вулканӣ дар шаҳри Чкалов

20.08.2014 09:00, шаҳри Бӯстон

Дар шаҳри Чкалов, ки яке аз марказҳои бузурги саноатии вилояти Суғд ва кулли ҷумҳурӣ ба шумор меравад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи нави ҶДММ «Элегант» доир ба истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои вулканӣ ба кор дароварда шуд.

Тавре зикр гардид, ҶДММ «Элегант» соли 2000 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдулаҳад Мӯъминов таъсис дода шуда, аз соли 2009 ба ин сӯй бо коркарди сангҳои зебои вулканӣ ва истеҳсоли масолеҳи ороишии сохтмон аз онҳо машғул аст. Сангҳои вулканӣ  аз минтақаи Долонаи ноҳияи Ашт гирифта шуда, дар коргоҳи мазкур бо истифода аз таҷҳизоти муосири сохти Русия  коркард мешавад.

Иқтидори коргоҳ ба истеҳсоли зиёда аз 60000 м2 маҳсулот аз сангҳои ороишӣ дар як сол баробар аст. Дар коргоҳ ҳоло  150 нафар, ки қисми зиёдашон занону духтарони маҳаллӣ мебошанд, бо кор таъминанд. Бо фаъол гардидани коргоҳи истеҳсоли нахи санг боз 50 каси дигар ба кор ҷалб шуда, шумораи коргарон ба 200 нафар мерасад.

Музди моҳонаи коргарон  аз 700 то 1500 сомониро ташкил медиҳад.

Дар коргоҳ таҷҳизоти ширкати «Бой До Си Технолоҷиз»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, аз тарафи мутахассисони ширкати «Рос-Базалт»-и шаҳри Барнаули кишвари Олтойи Федератсияи Русия ва мутахассисони маҳаллӣ ба кор омода шудааст.

Нахи базалт минбаъд барои бетағйир нигоҳ доштани гармӣ ва ё сардӣ дар хонаю иморатҳо ва ё интиқоли моеъ истифода шуда, боиси сарфаи сӯзишворӣ барои ин ҳадафҳо мегардад.

Инчунин, роҳбарият ва мутахассисони ширкат дар асоси супориши Сарвари давлат бо як лоиҳаи нави инноватсионӣ аз нахи аз санг тавлидшуда истеҳсоли ришта, матоъ, арматура, лӯла ва дигар масолеҳи сохтмониро ба роҳ монданианд.

Чунонки иттилоъ доданд, роҳандозии марҳилаи нави истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз нахи санг маблағи зиёд ва дастгирии давлатиро талаб мекунад. Соҳибкорони тоҷику рус, ки ба ин кор машғуланд, бовар доранд, ки ба ин ҳадаф ноил мегарданд, зеро захираи сангҳои ороишӣ дар Тоҷикистони кӯҳистон хеле фаровон ва истифодаи босамари он дар истеҳсолот метавонад яке аз манбаъҳои асосии рушди ояндаи иқтисоди миллии кишвар гардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми онҳоро маъқул дониста, ба масъулин дастур дод, ки барои роҳандозии дастгирии давлатии ин корхона санадҳои зарурӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520