Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаби нав бо 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Лиҷаки шаҳри Ваҳдат

28.08.2014 15:24, шаҳри Ваҳдат

Дар деҳаи Лиҷаки ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдат, ки дар дараи Ромит қарор дорад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои мактаби нав барои 640 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре иттилоъ доданд, сохтмони бинои ин мактаб солҳои 80-уми асри гузашта оғоз ёфта, бо сабаби авзои ноороми солҳои 90-ум қатъ гардида буд. Инак бо дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Саудии рушд, ки ҳаҷми умумиаш беш аз 9 миллион сомонӣ аст, сохтмони бинои мактаб дар сатҳи хеле баланд ба поён расонда шуд.

Чунонки аён гардид, мактаб дорои 26 синфхонаи зебои таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дасрҳо аз фанҳои дақиқ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, асосҳои кор бо компютер ва ҳунаромӯзии духтарон мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таълими ҳунарҳои зебои мардумӣ ба духтарон ба мисли гулдӯзию зардӯзӣ, духти либос, қолинбофии дастӣ ва ғайра таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳунаромӯзӣ, ба хусус барои духтарони деҳот, басо муҳим аст.

Мактаб ҳамчунин дорои толори зебои маҷлисӣ бо 260 ҷойи нишаст, толори васею барҳавои варзишӣ, ки барои намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, ошхонаи муҷаҳҳаз ва дигар утоқу толорҳои зарурӣ мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва суханронии худ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизоти мактаб баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар сурати дар 2 баст ба роҳ мондани кор имкон аст, ки дар ин муассиса наздики 1300 хонанда бо таълиму тарбия фаро гирифта шавад.

Аз омӯзгорону роҳбарияти мактаб ва ҳам падару модарони мактаббачагон даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида, ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас ғамхории доимӣ зоҳир намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520