Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқот ва музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон

10.09.2014 14:27, шаҳри Душанбе

Татбиқи барномаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон бо баргузории маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт.

Барои истиқболи меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳониро дар назди Қасри Миллат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон, арзи саломи меҳмони воломақом ба низомиён ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардида, бо расми гузашти низомии ҷузътомҳои Горди фахрии Тоҷикистон ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат оғоз ёфт.

Роҳҳои таҳким ва густариши робитаҳои судбахши Тоҷикистону Эрон зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 10-12 соли охир ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар низоми равобити ҳасанаи ду кишвари дӯст тақвият ёфта, ба мақоми намоён баромадааст.

Хотиррасон гардид, ки то имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз 100 санади муҳими дуҷониба ба имзо расидааст.

Суръату мазмуни тоза пайдо кардани ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, бунёди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатиро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “нишонаи возеҳи равобити муваффақонаи Тоҷикистону Эрон” номид.

Ҳарду ҷониб аз фаъол гардидани чархаи дуюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда 2 ва пурра ба кор даромадани ин иншооти муҳими энергетикӣ, ки самараи барҷасати ҳамкории ду кишвар дар соҳаи энергетика мебошад, изҳори қаноат намуданд.

Гуфтугӯйи судбахш доир ба оғози сохтмони якҷояи неругоҳи обии «Айнӣ» дар болои рӯди Зарафшон, ба итмом расондани такмили нақби мошингарди Истиқлол, имконоти ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётии ду кишвар, кашидани лӯлаи об аз Тоҷикистон ба Эрон ва лӯлаи нафту газ аз Эрон ба Тоҷикистон сурат гирифт.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкории амниятию низомӣ ва густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, илму техника ва фарҳанг низ зоҳир гардид.

Ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон, табодули назар карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он дар ҳузури сарони давлат 9 санад ба имзо расид:

-              Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният;

-              Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар пешгирӣ ва муқовимат ба истеҳсол, муомилоти ғайриқонунӣ ва истеъмоли воситаҳои нашадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

-              Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

-              Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

-              Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

-              Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот;

-              Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

-              Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

-              Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

Дар ҳамин толор сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон тавассути пахши тугма чархаи дуюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда 2-ро ба кор дароварданд. Ҳамин тариқ, ин иншооти бузурги энергетикӣ, ки самараи ҳамкории энергетикии ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабон мебошад, пурра фаъол гардид. Пурра ба кор шуруъ намудани нерӯгоҳи Сангтӯда 2 тавассути шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз мавзеи Сангтӯда ва ҳам аз Қасри Миллат мустақим намоиш дода шуд.

Тавре зикр гардид, пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи Сангтӯда 2 имкон медиҳад, ки “тавлиди солонаи неруи барқ ба ҳисоби миёна то 500 миллион киловатт-соат афзуда, ҳаҷми камбуди барқ дар мавсими сармо то ба андозаи 15% кам шавад”.

Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот изҳори қаноат карда, муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эронро дорои дурнамои бузург номиданд.

Бинобар иттилои Эмомалӣ Раҳмон, тайи 10 соли охир гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон 5 баробар афзуда, ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими эронӣ ҳам ба иқтисоди Тоҷикистон ба маротиб зиёд шудааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ таъкид дошт,ки “ба анҷом расидани сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда 2 на анҷоми кор, балки оғози ҳамкории густардаи иқтисодии Эрону Тоҷикистон, ба хусус дар бахши энерҷӣ мебошад”.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520