Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

12.09.2014 10:42, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз, қабл аз оғози ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки ба ҳайси роҳбари кишвари нозир дар ин созмон ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои гуногуни муносиботи дуҷониба ва минтақавию ҷаҳонии ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба авзои кунунии Афғонистон таъкид дошт, ки ҳифзи амнияту субот ва ваҳдати миллию қавмӣ ва дар ин замина таъсис додани Ҳукумати Ваҳдати Миллӣ натанҳо барои мардуми азияткашидаи ин кишвар, балки барои кулли минтақа басо муҳим аст.

Атрофи роҳҳои татбиқи босамари нақшаю барномаҳои ҳамкории босамар, пурзӯр намудани иқтидори транзитии ду кишвар дар бахшҳои ҳамлу нақл ва энергетика гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки таҷрибаи ғании ҳамгироии босамари Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар самти нигаҳдории амнияту субот дар марзи муштараки давлатӣ ва мубориза бо қочоқи яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ва ҳам пешгирӣ аз терроризму экстремизм оянда низ идома хоҳад дошт.

Дар ин замина Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар зарурати “боло бурдани нақши Комиссияи муштараки ҳамоҳангии сохторҳои амниятӣ ва марзии Тоҷикистону Афғонистон” таъкид намуд.

Ҳамчунин доир ба мавзӯоти ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар мавзӯъҳо табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520