Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

13.09.2014 10:12, шаҳри Душанбе

Имрӯз ҳузури Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон дар доираи барномаи нахустин сафари давлатии ӯ ба кишвари мо идома ёфт.

Маросими бошукӯҳи истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баргузор гардид. Ба ин муносибат дар саҳни Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани ҳамзамони сурудҳои миллии ду давлат ва 21 шиллик аз тӯпхонаҳо, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон, арзи саломи меҳмони воломақом ба низомиён ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид.

Ин маросими бошукӯҳ бо расми гузашти низомии ҷузътомҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони ду давлат ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат оғоз ёфт.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ ба имзо расидани 16 санад дар назар аст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520