Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

13.09.2014 12:17, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон,
Дӯстони азиз,

Мо чанде қабл натиҷаҳои пешакии нахустин сафари давлатии Раиси Чумҳурии Мардумии Чин ҷаноби ниҳоят гиромӣ Си Ҷинпинро ба Тоҷикистон ҷамъбаст кардем.

Мутмаинам, ки сафари мазкур ба рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии миёни кишварҳоямон набзи қавии тоза мебахшад.

Ҷонибҳо Эъломияи муштаракро оид ба таҳкими муносиботи шарикии стратегӣ имзо намуда, “Барномаи ҳамкорӣ то соли 2020”-ро қабул карданд.

Як қатор созишнома ва шартномаҳои дуҷониба ба имзо расиданд.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо мо изҳори умед кардем, ки дар сурати татбиқи амалии ин ҳуҷҷатҳои муҳим ба мо имкон даст медиҳад, ки тамоми афзалиятҳои ҳамҷаворӣ ва пуррагардонии мутақобилаи иқтисодиётамонро комилан тақвият бахшида, рушди гуногунҷанба ва пурмазмуни тиҷорати дуҷонибаро таъмин намоем ва ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарии мавҷудаамонро таҳким бахшем. Ҳамаи ин заминаи дӯстии абадии Тоҷикистону Чинро бештар мустаҳкам мекунад.

Дар ҷараёни мулоқотҳо дар доираи маҳдуд ва дар сатҳи ҳайатҳо ҷаноби Раис ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба баҳои хешро баён доштанд. Онҳо пурра ба диди мо нисбат ба уфуқҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин мутобиқат мекунанд.

Мо муқаррар намудем, ки дар давоми 15 моҳ - пас аз сафари расмии соли гузаштаи ман ба Чин, муносиботи байни кишварҳоямон рушди назаррас касб кард. Сатҳи баланди фаъолӣ дар ҳамаи самтҳо - тиҷорат, иқтисод, илм, фарҳанг ва варзиш мушоҳида мешавад. Равобит миёни вазоратҳои калидӣ, идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа ба таври назаррас таҳким ёфт.

Ҷонибҳо ба фаъол намудан ва таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, бахусус киберҷиноятҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд.

Ҳамаи ин натиҷаи ҳамгироии фаъоли мутақобилаи ҷонибҳо, татбиқи амалии созишномаҳои дар мулоқотҳои тайи ду соли охир бадастомада мебошад.

Мо ҳамчунин муқаррар намудем, ки ба шарофати кӯшишҳои муштарак иқтисоди Тоҷикистон ва Чин дар амал пурракунандаи ҳамдигар гардиданд. Ҳанӯз чанд сол қабл аз ин мо ҳатто ба худ тасаввур карда наметавонистем, ки ҳудуди думиллиардаро дар тиҷорати мутақобила мегузашта бошем. Имрӯз мо пеши худ вазифа гузоштаем, ки дар тӯли панҷ соли оянда нишондиҳандаи гардиши дуҷонибаи савдоямонро то ба се миллиард доллар баланд бардорем.

Мо ба хулосае омадем, ки дар шароитҳои нав зарур аст, ки муносибатҳо нисбат ба ҳамкорӣ низ нав карда шаванд. Пеш аз ҳама, мо ба он ҳавасмандем, ки марҳила ба марҳила аз қолаби содироти маҳсулоти аввалия ба ташаккули маҷмӯи маҳсулоти ба оянда нигаронидашуда гузарем. Ба ибораи дигар, мо барои ташкили гурӯҳҳои пешсафи истеҳсолии рушди маҳсулоти тоҷикистонию чиноӣ мавқеамонро муайян мекунем. Мо барои истифодаи фаъоли таҷрибаи истеҳсолию технологии чиноӣ бо мақсади баланд бардоштани иқтисоди миллиамон ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Зимни гуфтушунидҳо мо пешниҳод кардем, ки имконияти дар тоҷикистон сохтани маҷмааҳо, саноати истихроҷи маъдан, маҷмааи бофандагӣ, комбинатҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, инчунин маҷмааҳои кишоварзии муштарак, ки мақсади баровардани маҳсулоти содиротӣ доранд ва инчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ баррасӣ шаванд.

Мо гумон дорем, ки агар дар ояндаи наздик Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар бахши энергетика ва соҳаи нақлиётию иртиботӣ тавонанд оғоз кунанд, ба дастовардҳои калон ноил мегарданд.

Дар ин маврид ҷониби тоҷикистонӣ бори дигар муҳимияти тақвияти ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва нақлиётию иртиботӣ таъкид намуд.

Ҳамчунин ҳавасмандии дуҷониба барои таҳкими инфрасохтори Тоҷикистон, бунёди роҳҳои нави оҳан ва мошингард зоҳир гардида, изҳор шуд, ки дар оянда дар ин самт ҳамкории фаъолона ба роҳ монда шавад.

Зимни ин ҷониби тоҷикистонӣ изҳори умед намуд, ки дар солҳои минбаъда ҷанбаи сармоягузории ҳамкориҳои иқтисодӣ бемайлон афзоиш ёфта, аз ҷанбаи қарзии ин фаъолият афзалият пайдо мекунад.

Зимни баррасии масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ зикр шуд, ки мутаассифона, муҳимият ва шиддати мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизми байналмилалӣ паст намешавад.

Вазъияти наве, ки дар Афғонистон пас аз шурӯи хуруҷи неруҳои муттаҳида ва интихоботи президентӣ ба амал омадааст, аз мо диққати зиёдро талаб мекунад.

Афғонистон ҳамсояи умумии мост ва мо наметавонем ба рушди манфии вазъият дар ин кишвар роҳ диҳем. Халқи афғон бояд дар симои мо ва яксон дар симои тамоми давлатҳои иштирокчии Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамсояҳои хуби худ, дӯстони самимӣ ва шарикони боэътимодро бинад.

Суханронии худро дар назди шумо ба итмом расонида, бори дигар изҳор медорам: мо ба муносибатҳои тоҷикистонию чиноӣ баҳои баланд дода, онҳоро азиз медорем. Ин муносибатҳо барои мо аз афзалиятҳои асосӣ буданд ва мемонанд.

Тоҷикистон барои таҳкими минбаъда ва тақвияти муносибатҳои стратегии шарикӣ бо Чин ва гузоштани саҳми худ дар ғанӣ гардонидани доимӣ ва рушди онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520