Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

05.01.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як қатор Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳоро Маҷлиси намояндагон қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намудаанд, ба имзо расиданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи заминсозӣ", "Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ", "Дар бораи олами ҳайвонот", "Дар бораи тухмипарварӣ", "Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ", "Дар бораи судҳои ҳакамӣ", Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои ба имзорасида, пеш аз ҳама бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар, танзими ҳаматарафаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва такмили қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ қабул карда шудаанд.

Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муносибатҳои имрӯзаи ҷомеа таҳия ва қабул гардида, меъёрҳои он ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳо ва дигар субъектҳои муносибати ҳуқуқи гражданӣ равона карда шудааст. Кодекси мазкур аз 1 апрели соли 2008 мавриди амал қарор дода мешавад ва ҳамзамон Кодекси проссесуалии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 28 декабри соли 1963 амал менамояд, аз эътибор соқит мегардад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои ҳакамӣ" таъсису фаъолияти судҳои ҳакамӣ ва тартиби баррасии баҳсҳоро аз тарафи он ба танзим медарорад.

Қонуни мазкур дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёрии ҳуқуқии нав буда, меъёрҳои он барои боз ҳам фароҳам овардани шароити васеъ ба субъектҳои муносибати гражданӣ дар ҳимояи ҳуқуқи онҳо ҳангоми пайдо шудани баҳс равона гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520