Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Икромулло Мақсуд

08.01.2008 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Икромулло Мақсудро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати ваколати сафириаш ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот оид ба ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Покистон мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо дурнамои робитаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро, пеш аз ҳама баҳри бунёди хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ, таҳкиму густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ умедбахш маънидод карданд.

Икромулло Мақсуд мавриди истифода қарор гирифтани пули азими миёни Тоҷикистону Афғонистонро дар мавзеи Панҷи Поён воситаи хуби густариши робитаҳои бисёрҷанба номида, изҳор дошт, ки Покистон тасмим дорад дар ин мавзеъ маркази тиҷоратии худро ифтитоҳ намояд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои кунунии иҷтимоию сиёсии Покистону Афғонистон ва ҳамгироиҳои зиддитеррористӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520