Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

16.01.2008 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба мақоми муовинони раиси вилояти Хатлон ва вазифаи раисони шаш ноҳияи ин вилоят пешниҳодгаштаро барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Барои таъин ба вазифаи муовинони раиси вилояти Хатлон Саидумрон Абдураҳмонов ва Руҳуло Ҳакимов ва ба вазифаи раисони ноҳияҳои Ёвон - Бароталӣ Юсупов, Панҷ - Мирзодавлат Сабуров, Фархор - Шариф Ғафоров, Хуросон - Ҷабор Самадов, Носири Хусрав - Ҳаким Каримов ва Қумсангир - Сироҷидин Наҷмудинов пешниҳод гаштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат аз савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданаш ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ин натанҳо савганди роҳбари давлат, балки савганди роҳбарони тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як фарди баору номуси кишвар аст ва онҳоро ба ташаббускорию ташкилотчигӣ ва бо дасту дили пок фаъолият кардан ҳидоят намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон ёдовар шуда, баҳри ташкили дурусти шароити зимистонгузаронӣ, самаранок ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузории бахши пахтакорӣ, вусъат бахшидани омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, васеъ ба роҳ мондани ниҳолпарварӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ, истифодаи босамари заминҳо ва пешгирӣ аз қонуншиканӣ дар тақсимоти замин, ривоҷ додани корҳои ободонию созандагӣ ва шаҳрсозӣ, ба кор даровардани корхонаҳои саноатӣ, иҷрои буҷети маҳаллӣ, мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна ва ҳамчунин ғамхорӣ зоҳир намудан ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ниёзманд ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520