Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба кор даровардани агрегати якуми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1

20.01.2008 12:00, ноҳияи Данғара

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 баъди як солу як моҳ баъд аз оғози сохтмони сарбанди он дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуд.

Дар маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати якуми нерӯгоҳи обии Сангтӯда -1 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Муовини Сарвазири Федератсияи Россия Сергей Наришкин, Раиси Идораи Шабакаи ягонаи энергетикии Россия Анатолий Чубайс, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдори кишвар, намояндагони аҳли зиё, шумораи зиёди намояндагони воситаҳои ахбори умуми дохилию хориҷӣ, кормандону мутахассисони варзидаи соҳаи энергетика ва сохтмончиёни нерӯгоҳ иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони воломақоми Федератсияи Россия дар фазои тантанавӣ лентаи рамзиро бурида, ба агрегати аввали нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1, ки чанд рӯз боз бе истеҳсоли нерӯи барқ гардиш карда, ба кори асосии худ омода гаштааст, наздик шуданд. Бо пахши тугма, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, агрегат ба шабакаи барқдиҳии ҷумҳурӣ васл шуда, ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ намуд.

Чунонки аз сӯҳбатҳои мутахассисони сатҳу зинаҳои гуногуни Тоҷикистону Россия маълум шуд, аз замони пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Сангтӯда-1 нахустин нерӯгоҳи обии барқӣ аст, ки дар тамоми қаламрави собиқи он давлати паҳновар сохта, ба истифода дода мешавад, яъне Тоҷикистон нахустин давлати қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аст, ки баъди пароканда гаштани он таҳти роҳбарию раҳнамоии дурандешонаи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳи нави обии барқӣ ба кор медарорад.

Ҳаҷми нерӯи барқи аз ин агрегат истеҳсолшаванда албатта барои саҳлгардонии норасоии он дар ҷумҳурӣ басанда нест, вале ин қадами нахустини устувор дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикӣ аст. Қобили таъкид аст, ки мутобиқи нақша се агрегати боқимондаи нерӯгоҳ баъди ҳар чор моҳ яктогӣ ба кор шурӯъ менамоянд ва то охири соли равон сохтмони "Сангтӯда-1", ки иқтидораш 670 мегаватро ташкил медиҳад, бояд пурра ба анҷом расад.

Дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба ин рӯйдоди пурарзиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми ҷамъомадаро бо оғози кори агрегати якуми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 табрику таҳният гуфта, ба сохтмончиён ва ҳамаи саҳмгузорони бунёди он арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-1-ро ҳамчунин омили таҳкимбахши ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Россия маънидод карда, изҳори умеду боварӣ намуд, ки ҳамгироии энергетикии ду кишвар дар татбиқи дигар лоиҳаҳои бузург низ идома меёбад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба мардуми ҷумҳурӣ муроҷиат карда, мужда расонд, ки аз соати 20:00 ҳамин рӯз меъёри барқтаъминкунии аҳолӣ ба ҳаҷми як соат дар шабонарӯз афзун мегардад.

Муовини Сарвазири Федератсияи Россия Сергей Наришкин дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани сохтмони чунин иншоотро натиҷаи омодагии баланди касбӣ, меҳнати шаборӯзӣ ва маҳорати хуби кормандону мутахассисони он маънидод кард. Ба андешаи ӯ робитаҳои зичи стратегии Тоҷикистону Россия натанҳо дорои манфиати зиёд барои ҳарду кишвар, балки ҳамчунин кафили оромию суботи минтақавӣ аст.

Раиси Идораи Шабакаи ягонаи энергетикии Россия Анатолий Чубайс бошад, худро гӯё дар хонаи дуюми худ эҳсос мекард, гуфтори ӯ хеле самимию бародарона буд.

Баъди анҷоми суханрониҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Муовини Сарвазири Федератсияи Россия Сергей Наришкин ва Раиси Идораи Шабакаи ягонаи энергетикии Россия Анатолий Чубайс ҳамчунин ба чанд суоли хабарнигорон посух дода, аз ҷумла дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро умедбахш маънидод карданд.

Онҳо ҳамчунин омодагии устувори Тоҷикистону Россияро баҳри идомаи сохтмони нерӯгоҳи обии барқии Роғун таъкид намуда, онро аз ҷумла иншооти дорои аҳамияти бузург барои кулли минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ карданд.

Қобили таъкид аст, ки ба кор шурӯъ намудани агрегати якуми нерӯгоҳи обии барқии сангтӯда-1 бешубҳа дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони навин бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад шуд, зеро мардуми кишвар ба кор шурӯъ намудани онро кайҳо боз мунтазирӣ мекашид.

Ин рӯйдоди пурарзиш дар воситаҳои ахбори умуми дохилию хориҷӣ васеъ инъикос гардид, ки ин аз аҳамияти бузурги бунёди ин иншоот дар таҳкиму густариши ҳамкориҳои ояндаи Тоҷикистону Россия гувоҳӣ медиҳад.

Ҳолати имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия ҳамчунин дар мулоқоти як ба яки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини Сарвазири Федератсияи Россия Сергей Наришкин, ки худи ҳамин рӯз дар мавзеи Сангтӯда баргузор гашт, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо оид ба тафсилоти анҷоми бобарори нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1, шарту шароити иштироки ҷониби Россия дар идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва оид ба дигар ҷанбаҳои ҳамкории пурсамари ду кишвар мубодилаи судманди афкор анҷом доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520