Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори минтақавии Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Аннет Диксон

22.01.2008 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Директори минтақавии Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Аннет Диксонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин институти бонуфузи молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаҳои иҷтимоиёт, молия, энергетика, нақлиёт ва дар самти бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ ба назар мерасад, изҳори сипос намуд.

Ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкорӣ баҳри амалӣ намудани лоиҳаҳои минтақавии энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ гуфтугӯи судманд анҷом дода, аз натиҷаҳои вохӯриҳои намояндагони кишварҳо ва созмонҳои манфиатдор дар Исломобод, Душанбе, Вашингтон ва Афғонистон оид ба ин масъалаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Мубодилаи судбахши афкор ҳамчунин атрофи ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузории бахши пахтакории Тоҷикистон ва ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳо сурат гирифт.

Зимни сӯҳбат Аннет Диксон ҳамчунин ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намояндаи нави доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Киара Бронкиро муаррифӣ намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520