Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Фармондеҳи Нерӯҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико адмирал Уилям Феллон

22.01.2008 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Нерӯҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико адмирал Уилям Феллонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико мавриди баррасӣ қарор гирифт.

"Тоҷикистон муносибатҳоро бо Амрико самти афзалиятноки сиёсати хориҷии худ шумурда, ба рушди пайвастаи робитаҳо бо он манфиатдор аст".

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни ҳамгироиҳои байни сохторҳои низомии Тоҷикистону Амрико баҳри дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвари мо ва ҳамчунин аз татбиқи нақшаи ҳамкориҳои ҳарбӣ изҳори қаноатмандӣ кард.

Адмирал Уилям Феллон дар навбати худ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои нақши намоёни ҷумҳурӣ дар мусоидат ба нерӯҳои эътилофии посдори амният дар Афғонистон ва ҳамчунин баҳри иқдомоти наҷибаш дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуд. Фармондеҳи Нерӯҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунин аз иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омода кардани донишҷӯёни низомии Афғонистон дар Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ кард.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи имконоти иштироки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар татбиқи иқдомоти Тоҷикистон баҳри рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, истифодаи босамари захираҳои обӣ ва ғайра мубодилаи судманди афкор анҷом доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба муборизаи муштарак бар зидди истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ба парвариши дигар зироатҳо ҳавасманд намудани кишоварзони Афғонистон табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520