Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.01.2008 16:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 20 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст Қоидаҳои намудҳо, тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Зимни муҳокимаи он таъкид гардид, ки дар ин санад намудҳои раводид, мӯҳлати эътибор, тартиби додан, тамдид ва бекорсозии онҳо муайян гаштааст. Санади нав ба тартиби соддакардашудаи додани раводиди Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли 2006 барои шаҳрвандони баъзе кишвари ҷаҳон қабул гашта буд, монеа эҷод намекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани кори сафоратхонаҳо ва консулгариҳои мамлакат дар давлатҳои хориҷӣ, ки рафтору кирдор ва муносибату муоширати онҳо бо корафтодагон ба обурӯю нуфузи давлати мо таъсири бевосита мерасонад, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз мулоқот бо соҳибкорони ватанӣ бармеояд, баъди муҳокимаи аъзои Ҳукумат тасдиқ карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин татбиқи босамари супоришҳои дар ин мулоқот баёнгаштаро баҳри саҳлгардони фаъолияти соҳибкории хусусӣ дар мамлакат талаб намуд.

Лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хазинадорӣ" ва "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа" ва ду хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" ва "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ" маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 муҳокима ва бо назардошти таклифу пешниҳодоти муфиди воридгашта тасдиқ карда шуд.

Дар фароварди ҷаласа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба масоили мубрами мавсими сармо ва таъминоти аҳолӣ бо барқ ва гази моеъу дигар анвои маводи сӯхт ҷалб намуда, ҷиҳати танзими дурусти кор ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Овозаи дар байни мардум паҳнгашта, ки гӯё имрӯз Тоҷикистон сарфи назар аз мушкилоти худ бо хориҷа нерӯи барқ мефурӯшад, комилан беасос номида шуд. Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза Тоҷикистон танҳо дар тобистон ба кишварҳои ҳамсоя нерӯи барқ содир мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷиҳати беҳдошти корҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ғамхорӣ ба мактаб-парваришгоҳҳои ятимону бепарасторон, вусъат додани фаъолияти ободонию созандагӣ, барқарор намудани бинои асосии Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон, ободу зебо кардани Боғи ботаникии пойтахт ва омодасозии иншооти ҷашнии шаҳри Панҷакент ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520