Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Зафаробод, Истаравшан, Исфара ва Қайроқум

24.12.2007 11:00, шаҳри Душанбе

Раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Зафаробод, Истаравшан, Исфара ва Қайроқум ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути телефон ҳисобот доданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла тармиму таҷдиди мактабҳо, ҷараёни сохтмони варзишгоҳи марказии шаҳр ва доир ба фаъолияти корхонаҳои саноатию муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ҳисобот дод.

Дар ҳисоботи раисони ноҳияҳои Айнию Ашт бештар ба масоили таъмини мардум бо маводи сӯхт, пеш аз ҳама бо ангишт ва ба масъалаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ва кишоварзӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Ба раиси ноҳияи Айнӣ оид ба ташкил ва рушди қутоспарварӣ ва ба раиси ноҳияи Ашт доир ба истифодаи босамари заминҳо, кишти сабзавоти барвақтӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ супоришҳо дода шуд.

Ҳисоботи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба кишти тирамоҳии заминҳо, рушди бахшҳои боғдорию пахтакорӣ ва махсусан доир ба паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ шунида шуд.

Аз нишондодҳои ноҳияи Ғончӣ дар бахшҳои картошкапарварӣ, ғаллакорӣ ва боғдорӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гардид, ки имсол дар ноҳия 101 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда шуд. Картошкапарварони ноҳия ӯҳдадор шудаанд, ки бо картошкаи тухмӣ деҳқонони дигар ноҳияҳои картошкапарварро таъмин намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ноҳияи Ғончӣ барои нишондодҳои хуб дар бахшҳои номбурда изҳори миннатдорӣ карда, аз вазъи мактабҳо низ пурсон шуд. Чунонки аз ҳисоботи раиси ноҳия маълум шуд, яке аз ду мактабе, ки тибқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмонашон бояд соли 2006 оғоз меёфт, имсол пурра ба истифода дода шуда, сохтмони мактаби дуюмаш моҳи январи соли нав оғоз меёбад.

Дар ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Истаравшан, Исфара ва Қайроқум таваҷҷӯҳи бештар ба афзоиш додани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ зоҳир гардид. Ба раиси ноҳияи Зафаробод ҳамчунин оид ба рушди пахтакорӣ ва ба раиси шаҳри Истаравшан доир ба инкишофи боғутокпарварӣ, картошкапарварӣ ва сабзавоткорӣ низ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Раиси шаҳри Исфара ҳамчунин оид ба татбиқи супоришҳое, ки зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобистони соли равон дода шуда буданд, аз ҷумла доир ба рафти азхудкунии маблағҳои барои рушди деҳаҳои Чоркӯҳу Ворух ҷудогашта ва ҳамчунин дар бораи зиёд кардани масоҳати боғҳо, пеш аз ҳама боғоти зардолу ҳисобот дод.

Дар ҳисоботи раиси шаҳри Қайроқум зикр гардид, ки дар натиҷаи барқарорсозии тадриҷии корхонаҳои саноатӣ болоравии иқтидори истеҳсолии онҳо ба назар мерасад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳо дар ин самт ва пеш аз ҳама аз фаъолияти корхонаи қолинбофии шаҳри Қайроқум изҳори норозигӣ карда, ба раиси шаҳр дастур дод, ки барои ҷоннок намудани корҳо тадбирҳои судманд андешад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин оид ба ривоҷ додани корҳои ободонию созандагӣ, ғамхорӣ ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар мактабҳо ва оид ба расондани кӯмак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар эҳтиёҷмандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520