Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритус ва шаҳри Конибодом

22.12.2007 14:00, шаҳри Душанбе

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритус ва шаҳри Конибодом таввасути телефон ҳисобот доданд.

Ҳисоботи раисони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва Ишкошим бештар оид ба азхуднамоии заминҳои нав тариқи обёрикунӣ, рушди бахшҳои боғдорӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ шунида шуд. Аз он, ки дар соли равон дар ноҳияи Ванҷ зиёда аз 100 гектар заминҳои нав аз худ гардидааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Дар мавриди ноҳияи Ванҷ ҳамчунин ба масъалаи вусъати парвариши мурғи марҷон ва ноҳияи Дарвоз зиёд намудани саршумори гӯсфанди маҳинпашм таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Ба раиси ноҳияи Ишкошим ҳамчунин оид ба ҷоннок намудани корҳои ободонӣ, ба тартиб даровардани осоишгоҳи Гармчашма ва дигар мавзеъҳои истироҳату табобат ва тавассути ин муҳайё намудани заминаи рушди туризм супоришҳо дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ноҳияи Мурғоб оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди ноҳия, аз ҷумла баҳри инкишофи бахши чорводорӣ ва афзоиш додани саршумори қутос супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҳисоботи раисони ноҳияҳои Қумсангиру Қубодиён ба масоили киштукори тирамоҳӣ, сабзавоткорию боғдорӣ ва хусусан бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии бахши пахтакорӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид.

Ҳисоботи раиси шаҳри Конибодом оид ба ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, ривоҷ додани ободонию созандагӣ ва вусъати боғдорӣ, аз ҷумла зиёд кардани боғҳои зардолу шунида шуд.

Дар ҳисоботи раиси ноҳияи Шаҳритус корҳои ободонию созандагӣ мақоми марказӣ дошт. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли равон ба тариқи ҳашар дар ноҳия 5 мактаб, 2 беморхона ва 14 бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ноҳия Холмурод Раҳмонов барои қобилияти хуби роҳбарию ташкилотчигӣ нишон доданаш изҳори сипос карда, ҷиҳати ҷоннок намудани корҳо дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сабзавоткорию боғдорӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои номбурда ҷиҳати ғамхории бештар зоҳир намудан ба эҳтиёҷоти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва пеш аз ҳама табақаҳои ниёзманди он дастуру супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520