Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири давлати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба корҳои хориҷӣ Муҳаммад ибни Ҳусайн аш-Шиъоли

12.12.2007 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба корҳои хориҷӣ Муҳаммад ибни Ҳусайн аш-Шиъолиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба татбиқи натиҷаҳои сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб, ки моҳи апрели соли равон ҷараён гирифта буд ва масъалаҳои таҳкиму густариши робитаҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

"Мо ҳамеша хоҳони рушду густариши муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои исломӣ ва араб, аз ҷумла бо Амороти Муттаҳида ҳастем", изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Муҳаммад ибни Ҳуссайн аш-Шиъолӣ салому дуруди самимонаи Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа ибни Зоид оли Наҳайёнро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, изҳор дошт, ки муносибати дӯстию эҳтироми байниҳамдигарии сарони ду давлат омили вусъатбахши ҳамкориҳо дар тамоми самтҳои имконпазир аст.

Мусоҳибон аз вуҷуди заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ байни ду кишвар ва фаъол гаштани комиссияи байниҳукуматии робитаҳои иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар давоми 10 моҳи соли равон аллакай ба 60 миллион доллари амрикоӣ расидани ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар аз ҷумлаи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва нишона аз ояндаи неки равобити судманди ду кишвар маънидод гардид.

Ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ ва бунёди корхонаю ширкатҳои муштарак дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати металлургӣ, коркарди нахи пахта, дар бахшҳои гӯсфандпарварӣ ва парвариши занбӯри асал, истихроҷ ва коркарди металҳо ва сангҳои қиматбаҳо, содироти оби Тоҷикистон ба кишварҳои араб, сохтмони манзили истиқоматӣ, иншооти соҳаи туризм ва дигар самтҳо мубодилаи судманди афкор анҷом доданд.

Муҳаммад ибни Ҳуссайн аш-Шиъолӣ ҳамчунин ҳавасмандии Амороти Муттаҳидаи Арабро ба ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон таъкид намуд.

Мусоҳибон аз кушода гаштани Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб изҳори хушнудӣ карданд. Зикр гардид, ки барои ифтитоҳи сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон низ айни ҳол тадбирҳо андешида мешаванд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили сиёсии минтақавию ҷаҳонӣ, авзои кунунии Афғонистон, манотиқи Осиёи Марказӣ, халиҷи Форс ва Ховари Наздик табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520