Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

12.12.2007 15:22, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои марбута ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон, омодагӣ ба гузарондани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон, ҳалли мушкилоти бахши пахтакорӣ, кӯмак ба деҳқонон барои шудгори заминҳо, омодагӣ ба кишти баҳорӣ, иҷрои буҷети давлатии соли равон, тайёрӣ ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони кишвар ва масъалаи ҷамъбасти фаъолияти хоҷагии халқ дар соли 2007 баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати фарҳанг ва дигар сохторҳои марбута дастур дод, ки нақшаю барномаи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистонро омода намуда, барои гузарондани он дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли оянда тамоми чораҳои заруриро андешанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷиҳати аз соли нав амалӣ намудани механизми дигари маблағгузории бахши пахтакорӣ, таъмини иҷрои буҷети давлатии соли равон, муҳайё намудани заминаи рушди соҳибкории хусусии хурду миёна, афзоиш додани қарздиҳии хурди бонкӣ ба соҳибкорон, ҷамъбасти натиҷаҳои сол, шудгори заминҳои корам ва омодагӣ ба кишти баҳорӣ ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520