Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

23.11.2007 19:00, ноҳияи Данғара

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи хоҷагии халқ ва иштирок дар маросимҳои оғози сохтмон ва ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маърифатӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар кард.

Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз фурӯдгоҳи ноҳия бо истиқболи бошукӯҳ, ки дар рӯҳияи тантанаҳои ҷашнии бахшида ба 15-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гашта буд, оғоз ёфт.

Дар ноҳияи Данғара нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои тармиму таъмири фурӯдгоҳи ноҳиявӣ шинос шуда, ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани таҷдиди хати парвозу нишаст ва сохтмони бинои нави маъмурияти он ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо мактаббачагони барои истиқбол ҷамъомада сӯҳбати гарму самимӣ ороста, онҳоро ба хониши хубу аъло ва омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ ҳидоят намуд.

Аз ин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба беморхонаи марказии ноҳия ташриф оварда, дар маросими ба кор шурӯъ намудани бинои нави он, ки барои шӯъбаи ҷарроҳӣ омода гаштааст, иштирок намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти ин бинои нави муҷаҳҳаз бо техникаю таҷҳизоти муосири ҷарроҳӣ оғози расмӣ бахшид.

Зимни боздид аз шароити кории бинои нав Президенти мамлакат бо техникаю таҷҳизоти муосир, ки аз Олмон, Италия ва Россия ворид гаштаанд, аз наздик шинос шуда, бо масъулину мутахассисон сӯҳбатҳои судбахш анҷом дод. Зикр гардид, ки барои истифодаи дурусту босамари ин техникаи гаронарзиш мутахассисони дахлдор бозомӯзӣ карда шудаанд ва имрӯз омодааанд, ки ба эҳтиёҷмандони кӯмаки касбии тиббӣ расонанд.

Таъкид гардид, ки ба ҷарроҳони беморхонаи марказии шаҳри Данғара натанҳо сокинони он, балки ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ то ҳол аз ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик ва дигар гӯшаҳои минтақаи Кӯлоб беморон муроҷиат мекунанд ва бо кушода гаштани бинои нави ҷарроҳӣ имкони беморқабулкунии он боз ҳам зиёд шуд. Бинои нав дорои утоқҳои ҷарроҳии таъҷилӣ ва нақшавӣ мебошад, ки ҳамаи онҳо барои қабули шаборӯзии беморон омодаанд.

Тибқи маълумоти ҷарроҳон онҳо имрӯз омодаанд, ки дар як моҳ то 60 амалиёти ҷарроҳии нақшавӣ гузаронанд.

Сарвари давлат ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия муроҷиат намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқ ва истифодабарии дурусти техникаю таҷҳизоти муосири тиббӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии худ ва муомилаи ғамхорона бо беморон ҳидоят намуд.

Сафари кории Сарвари давлат бо иштирок дар маросими тантанавии гузоштани санги асос зери бинои нави таълимии филиали Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон дар шаҳри Данғара, ки асосан баҳри омода кардани мутахассисони ин соҳа барои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст, идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хишти аввал ва нома ба наслҳои ояндаро гузошта, ба сохтмони он оғози расмӣ бахшид.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нав ва сӯҳбат бо мутахассисону масъулин ва омӯзгорону донишҷӯён зикр гардид, ки айни ҳол дар ин таълимгоҳ 560 нафар донишҷӯ таҳсили илм мекунанд. Баъди ба кор шурӯъ намудани бинои нав ин муассисаи таълимӣ метавонад то 2000 донишҷӯро бо таҳсили босифат фаро бигирад.

Бино бо сарфи 25 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дорои тамоми шароити замонавии таҳсил хоҳад буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёнро ба хониши хуб ва аз худ кардани касбу ҳунари барои минтақа зарурӣ даъват намуд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи корҳои сохтмонӣ дар чойхонаи навбунёди миллӣ, ки барои 400 ҷойи нишаст пешбинӣ гаштааст, шинос шуд.

Маълум гардид, ки айни ҳол дар сохтмони чойхона беш аз 60 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гаштаанд, ки маоши миёнаашон 450-500 сомониро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат бо сохтмончиёну мутахассисон ва масъулини кор аз наздик сӯҳбат намуда, баҳри бо сифати баланд, риояи меъёрҳои меъмории бостонии миллӣ ва дар мӯҳлати пешбинишуда анҷом додани бунёди чойхона ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори бинои театри мусиқӣ - драммавии шаҳри Данғара бо фаъолони ноҳия машварати корӣ доир намуд.

Мулоқотро бо нутқи муқаддимавӣ раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев ифтитоҳ намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқ дар соли равон ахборот дод.

Зимни суолу ҷавоб ва сӯҳбатҳои озоду ошкоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Данғараро яке аз калонтарин ноҳияҳои кишоварзӣ номида, изҳор дошт, ки дар он барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ғаллапарварӣ, пахтакорӣ, боғутокпарварӣ ва чорводорӣ имкониятҳои фаровон мавҷуданд.

Зимни таҳлилу баррасии вазъи хоҷагии халқи ноҳия аз пастравии истеҳсолоти ғалладонаю пахта ва меваҷот, пеш аз ҳама ангӯр, ки кишоварзони Данғара дар парвариши он таҷрибаи зиёд доранд, изҳори нигаронӣ карда шуд.

Ташвиши зиёд аз истифодаи тухмиҳои бесифати ғалладона зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки дар гузашта ноҳияи Данғара яке аз ноҳияҳои калонтарини истеҳсолкунандаи ғаллаи кишвар ба шумор мерафт ва аксарияти хоҷагиҳои дигарро бо тухмии аълосифати он таъмин менамуд.

Бо назардошти болоравии нархи ҷаҳонии гандум ва орд ба Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дастур дода шуд, ки ҷиҳати бо тухмии хушсифати ғалла таъмин намудани хоҷагиҳо ва афзун сохтани истеҳсоли ғалла, бахусус гандум ва ба таври васеъ ба роҳ мондани кишти он дар заминҳои лалмӣ, талу теппаҳо ва дигар заминҳои киштбоб, инчунин ба хотири аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду ҳосил чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки солҳои охир пахтакорӣ аз бахши сердаромад ба бахши зараровари соҳаи кишоварзии мамлакат табдил меёбад, изҳори таассуф карда, ба масъулини дахлдор баҳри эҳёи он ва бартараф намудани сабабҳои пастравӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз суръати пасти азхудкунӣ ё худ обёрикунии заминҳои нав дар водии Данғара изҳори ташвиш намуд. Таъкид гардид, ки дар сурати аз худ намудани тамоми заминҳои нақшаи генералии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин ноҳия ба маротиб афзоиш меёбад. Зикр гардид, ки аксари ин нақшаҳо ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ тарҳрезӣ гашта буданд ва туннели Данғара асосан барои ҳамин мақсад бунёд ёфта буд.

Алҳол дар ноҳия як лоиҳаи калонҳаҷми инвеститсионӣ бо маблағи 105 миллион сомонӣ татбиқ мегардад, ки азхудкунии беш аз 6 ҳазор гектар заминҳои беобро дар назар дорад. Дар марҳилаи аввали лоиҳа, ки имрӯз анҷом ёфтааст, 2 500 гектар замин аз худ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ғамхорию дастгириҳои давлату ҳукумат барои рушди соҳаи кишоварзӣ, азхуд кардани заминҳои нав ва обёрикунии онҳо ёдовар шуда, изҳори умеду боварӣ намуд, ки масъулин ва умуман мардуми ноҳия баҳри аз онҳо самараи нек ба даст овардан саъю кӯшиши зарурӣ ба харҷ медиҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520