Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

21.11.2007 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва дигар шахсони дахлдор оид ба рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар машварати корӣ доир намуд.

Оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва азхуднамоии сармояи ҷудогашта гузориши Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шариф Раҳимзода ва дигар шахсони масъул шунида шуд.

Зикр гардид, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 53 лоиҳаи инвеститсионии ҳукуматӣ татбиқ мегардад, ки ҳаҷми умумии онҳо 1,3 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар давоми 10 моҳи соли равон аз ин маблағҳо 275,54 ва аз аввали мӯҳлати татбиқ 572,17 миллион доллари амрикоӣ аз худ карда шуда, ба корҳои созандагию бунёдкорӣ равона гаштааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳибкории хурду миёнаро аз ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, баҳри иҷрои босамари нишондодҳои ба ин мавзӯъ дахлдори Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Муҳайё намудани шароити мусоиди ҳуқуқӣ баҳри ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ ва техникаю технологияи нав ба иқтисодиёти кишвар, бунёди ҷойҳои нави корӣ, ва аз ҷониби соҳибкорону мутахассисон аз худ гаштани забонҳои хориҷӣ, технологияҳои муосири иттилоотӣ ва одоби муоширату ҳамкорӣ аз амрҳои зарурии ҳаёти имрӯза арзёбӣ гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки барои таҳлилу баррасии амиқ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати минбаъдаи инвеститсионӣ охири моҳи декабри соли равон машварати ҷумҳуриявии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ омода карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520