Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

19.11.2007 20:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили омодагӣ ба зимистон, таъминоти аҳолӣ бо барқ, маводи сӯхт, ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ бо озуқаворӣ, ривоҷ додани корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳҳои обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, таъмин намудани кори мунтазами нақлиёти ҳавоӣ, автомобилӣ ва роҳи оҳан, масъалаҳои соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таваҷҷӯҳи махсус ба масоили таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ зоҳир гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки меъёри шаборӯзии додани барқ ба аҳолӣ аз ҳозира як соат зиёд карда шавад ва барои боз ҳам афзун намудани меъёри таъминот чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд. Таъкид гардид, ки барои ин ҳарчи зудтар маркази барқ ва гармидиҳии Ёвон ба кор дароварда шуда, иқтидори маркази барқ ва гармидиҳии шаҳри Душанбе зиёд карда шавад.

Аз ҷониби масъулин зикр гардид, ки корҳо баҳри иҷрои ин супоришҳо муташаккилона идома доранд ва дар сурати амалӣ гаштани онҳо ва ҳамчунин ба кор даромадани агрегати аввали нерӯгоҳи обии Сангтӯда -1, ки дар даҳаи сеюми моҳи декабри соли равон ба нақша гирифта шудааст, мушкилоти барқтаъминкунӣ хеле сабук мегардад.

Оид ба захира намудани ангишт ва дигар маводи сӯхт дар муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Дар мавриди таъминоти бозори истеъмолӣ бо маводи озуқаворӣ зикр гардид, ки имрӯз вазъият пурра ба эътидол даромадааст, зеро ки ҳаҷми воридоти орду гандум, равған ва дигар анвои хӯрокворӣ нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд аст. Таъкид гардид, ки тавассути таъмин намудани фаровонии бозор нархҳо низ нисбатан паст шудаанд ва ҳеҷ гуна мушкилот дар ин самт эҷод намегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷиҳати зиёд намудани хатсайрҳои ҳавоӣ ва роҳи оҳан барои таъмини рафтуомади бемонеаи шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан ва таъмин кардани кори мунтазами нақби Истиқлол ва гузаргоҳҳои Қаромиқу Кулма ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки дар бахшҳои тухмипарварию зироаткорӣ, ниҳолпарварию боғдорӣ, чорводорию зотпарварӣ, ба кор даровардани гармхонаҳо, ривоҷ додани парвариши сабзавоти барвақтӣ ва захира намудани тухмиҳои хушсифати ғалладона, пахта, картошка ва дигар зироатҳо тадбирҳои судбахш андешида шаванд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки татбиқи амалии супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодабарии мошинҳои шахсӣ ва телефонҳои мобилӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён зери назорати қатъӣ гирифта шавад. Таъкид гардид, ки вақтҳои охир ин масъала аз мадди назари масъулин дур мондааст.

Дар охири машварат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 1150-солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ, суръат бахшидани сохтмони Китобхони миллӣ, омода кардани лоиҳаҳои Осорхонаи миллӣ ва як Муассисаи мутамаркази ташхиси хун ва оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520