Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳо бахшида ба ҷашни 15-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.11.2007 19:00, шаҳри Душанбе

Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва пойтахти мамлакат тантанаҳои бахшида ба ҷашни 15-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт.

Имрӯз дар тамоми гӯшаю канори кишвари биҳиштосои мо, аз ҷумла дар ҳама боғҳои фарҳангии истироҳату фароғат ва ҳар кӯчаю гулгашти шаҳри Душанбе бахшида ба ин санаи таърихию тақдирсоз чорабиниҳои пурфараҳи идона баргузор гашт.

Аз ҷумла дар боғи ботаникии пойтахт, ки бо ташаббус ва таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давоми чанд моҳи охири соли равон дубора ба як мавзеи зебою хушбоду ҳавои шаҳр табдил ёфт, сайругашти оммавиии мардум доир шуд.

Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин базмгоҳи идона ба фазои тантанаҳои ҷашнӣ шукӯҳу шаҳомати хосса зам намуд.

Дар ҳар гӯшаи ин боғи хушманзар роҳбарият ва аҳли заҳмату ҳунари ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳсули меҳнати худро ба тамошои мардум пешкаш намуда, як навъ намоишгоҳи бошукӯҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва истеҳсолоти кишоварзию саноатиро ташкил намуда буданд.

Дар ин намоишгоҳ маҳсули меҳнати аҳли заҳмати ҷамъияти Тоҷикматлуботи ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Рӯдакӣ, Ҳисору Шаҳринав ва Варзоб ба тамошои сокинону меҳмонони пойтахт пешкаш гашта буд.

Бояд тазаккур дод, ки ин намоишҳо беш аз ҳама барои намояндагони кишварҳои хориҷӣ, ва созмонҳои байналмилалию минтақавии муқими Тоҷикистон, ки дар ин сайругашти оммавӣ Сарвари давлатро ҳамроҳӣ мекарданд, ҷолибу омӯзанда буд.

Дар ин базмгоҳ афроди тамоми қишрҳои ҷомеа ва намояндагони ҳамаи миллату халқиятҳои кишвар маҳсули меҳнату ҳунари худро бароварда, иди сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизро боҳам ҷашн гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин базмгоҳи бошукӯҳи идона дар назди мардуми ҷамъомада суханронӣ намуда, онҳо ва тамоми мардуми кишварро бо ин санаи тақдирсози таърихӣ ва тантанаи ваҳдату ягонагии мардуми кишвар табрику таҳният гуфт ва ҳамагонро ба меҳнати софдилонаю садоқатмандона баҳри таъмини пешрафту шукуфоии минбаъдаи Ватани азизи худ ҳидоят кард.

Дар воқеъ метавон гуфт, ки ин ҳама шодию фараҳ ва базму дилхушӣ гувоҳӣ аз қадрдонию шукргузории онҳо ба хидматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри барқарор намудани сулҳу салоҳ таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва амалӣ намудани умеду орзуҳои мардуми кишвар аст

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520