Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати сайри оммавӣ дар Боғи ботаникии пойтахт

17.11.2007 16:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Мӯҳтарам сокинони пойтахт!

Ҳамаи шуморо бори дигар ба муносибати понздаҳумин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳалаи барқарор гардидани сохти конститутсионӣ, мустаҳкам кардани пояҳои давлату давлатдорӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ ва оштиву сарҷамъии миллатамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Сайругашти идонае, ки имрӯз дар ҳамаи майдону гулгаштҳои пойтахти зебои мамлакатамон - шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвари соҳибистиқлоламон доир мегарданд, натиҷаи оромиву сулҳу суботи сарзаминамон мебошад, ки таҳкурсӣ ва асосҳои мустаҳками чунин рӯзу рӯзгори осуда понздаҳ сол пеш дар шаҳри бостонии Хуҷанд гузошта шуданд.

Воқеан, 15 сол дар назди гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати бостонии мо як муддати кӯтоҳ аст, вале дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли мо аз лиҳози аҳамияти сиёсӣ ва нақши таърихӣ дар тақдири халқамон қимати даҳсолаҳоро дорад.

Зеро мо ҳанӯз дар қадамҳои нахустини истиқлолияти давлатии худ ба имтиҳони бисёр сангини сарнавишт, яъне бархӯрдҳои шадиди сиёсӣ, ихтилофу гирдиҳамоиҳо ва оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шудем, ки ҳамаи ин равандҳои пурфоҷиа Тоҷикистони азизи моро даҳсолаҳо аз пешрафт боздоштанд.

Ба ин маънӣ, санаи 16 ноябри соли 1992 дар таърихи навини мо ибтидои ҷустуҷӯи роҳҳои бартарафсозии бенизомӣ дар ҳаёти ҷомеа ва дар навбати аввал қатъи хунрезӣ, эълони оташбас, баргардонидани гурезаҳову фирориёни иҷборӣ, фароҳам овардани шароити мӯътадил барои кору зиндагии онҳо ва муҳимтар аз ҳама таъмин кардани сулҳу субот аст.

Яъне Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нахустин дар роҳи наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз нестшавӣ ва раҳоии миллатамон аз парокандагӣ буда, дар таъмини ҳастӣ ва бақои минбаъдаи халқи мамлакат нақши ҳалкунанда, таъйинкунанда ва бузургу барҷаста бозид.

Ва маҳз дар ҳамин иҷлосия шӯълаи умеди фардои обод ба назарҳо падид омад ва ақли солим ба хотири наслҳои имрӯзу ояндаи миллат бар ҷаҳолату хунрезӣ пирӯз шуд.

Борҳо таъкид кардаам ва ҳоло мехоҳам бо сипосу миннатдорӣ хотирнишон созам, ки сиёсати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки дар ин иҷлосия тарҳрезӣ гардид, пеш аз ҳама натиҷаи орзуву ормони самимона, майлу иродаи гарми халқамон ва хизмати таърихии ӯ буда, танҳо аз баракати дастгириву пуштибонии мардуми сулҳдӯст, хирадманд ва солору сарбаланди тоҷик амалӣ гардид.

Тавре ки аксарияти шумо дар ёд доред, дар он айёми фоҷиабори таърихи начандон дур рӯзҳое буданд, ки мардум аз ҳуқуқи оддитарини инсонӣ - дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт озодона гаштугузор кардан маҳрум монда, ба фардои худ бо ноумедӣ нигоҳ мекарданд.

Сад шукронаи истиқлолият ва хиради азалии мардуми фарҳангиву сулҳдӯсти тоҷик, ки имрӯз дар саросари кишвар сулҳу субот, амният ва ваҳдати миллӣ барқарор аст.

Ба шукронаи ин рӯзҳои орому осуда ба даргоҳи худованди таъоло дуо мекунем, ки дар хонадони ҳар яке аз ҳамватанони мо оромиву осоиш, хайру баракат ва дар кишвари азизамон сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмиву ҳамрайъӣ ва ваҳдати миллии ҷовидонӣ пойдор бошад.

Дӯстони азиз!

Мо имрӯз дар марҳалаи бунёдкориву созандагӣ ва обод кардани Ватанамон қарор дорем.

Ҳадафи асосии мо бо татбиқи сиёсати созандагӣ, пеш аз ҳама ободу зебо гардонидани кишвар, афзоиш додани суръати рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва хулоса фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як инсон мебошад.

Дар ин самт аллакай хеле корҳо анҷом дода шуда, татбиқи нақшаҳои азим ва неки дигар дар пеш истодаанд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои зина ба зина ҳал кардани мушкилоти ҷомеа тадбирҳои мушаххас ва заруриро меандешад.

Вале дар баробари ин, ҳар як фарди бонангу номус, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпараст низ вазифаи имонӣ ва қарзи шаҳрвандӣ дорад, ки дар ободу зебо гардонидани Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Чуноне ки шумо огоҳ ҳастед, чорабиниҳои бахшида ба понздаҳумин солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI-ум дар вилояти Суғд ботантана гузаронида шуданд.

Дар доираи ҷашн мо бо мардуми заҳматкаш ва сарбаланди вилоят вохӯриҳои сершумор доштем, инчунин дар маросими ба истифода супоридани корхонаи нави сементбарорӣ, бинои нави маркази бемориҳои дил, ки онҳо низ натиҷаи сулҳу суботи кишвар мебошанд, иштирок кардем ва аз як мактаб - интернати кӯдакони бемор ва аз оилаҳои камбизоат дидан кардем.

Дар ҷараёни сафар ва мулоқотҳо бо аҳолӣ бори дигар боварӣ ҳосил кардем, ки мардум сиёсати пешгирифтаи давлатро доир ба ободонӣ ва созандагии Ватан самимона дастгирӣ карда, аз ояндаи шукуфони Тоҷикистони соҳибистиқлол дилпур ҳастанд.

Имрӯз дар доираи ҷашни мазкур тасмим гирифтем, ки бори дигар дар ин боғи зебо, ки ба як гӯшаи дилписанди пойтахтамон табдил ёфта истодааст, сайругашти оммавӣ баргузор намоем.

Шумо медонед, ки баъди таҷдид ва хеле ободу зебо гардонидани боғ аввали моҳи октябри соли равон дар ин ҷо сайругашти оммавӣ ташкил карда будем.

Мақсади мо аз даъвати мардуми пойтахт ва меҳмонон аз шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат ин аст, ки ободии имрӯзаро бо чашми худ дида, бо эҳсоси ифтихор аз сарзамини зебоманзар ва халқи меҳнатқарини тоҷик минбаъд низ барои сарсабзу хуррам гардонидани тамоми гӯшаҳои Ватани аҷдодиамон-Тоҷикистони азиз камари ҳиммат банданд.

Мо дар оянда ният дорем, ки дар ин боғ тамоми гулу гиёҳҳои нодири Ватани биҳиштосо ва табиати нотакрорамонро гирдоварӣ намоем ва онро ба беҳтарин осорхонаи табиати зиндаи Тоҷикистон табдил диҳем.

Зеро бунёди боғу чорбоғҳо як рукни хосаи фарҳанги аҷдодии мо буда, ҳадафи аслии он сабзу хуррам ва зебою ботароват нигоҳ доштани муҳит, фароҳам овардани шароити мусоид барои тамошову сайругашт, истироҳату фароғат ва ба мавзеъҳои хушманзараву роҳатафзо ва дилнишину сарсабз мубаддал гардонидани гӯшаву канорҳои шаҳру ноҳияҳои аҳолинишин мебошад.

Ҳамзамон, дар гӯшаҳои ин боғ хона - музейҳои этнографӣ бунёд гардидаанд, ки аз таърихи бою пурғановат ва суннату анъанаҳои қадимаи халқамон гувоҳӣ медиҳанд.

Шумо - ҳамватанони азиз, метавонед ин хона-музейҳо ва намунаҳои маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандони мардумиро тамошо кунед, инчунин аз санъату маҳорати нотакрори онҳо таассуроти нек бардоред.

Мо корҳои ободонии боғро суръат ва идома бахшида, мекӯшем, ки ин гӯшаи шаҳрамон макони истироҳату фароғати натанҳо сокинони пойтахт, балки тамоми ҳамватанонамон бошад.

Солҳои охир дар пойтахти кишварамон сохтмон ва таъмиру таҷдиди манзилҳои истиқомативу муассисаҳои хизматрасонӣ, мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тандурустиву меҳмонхонаҳо босуръат идома дорад.

Ҳамзамон бо ин, ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо ба роҳ монда шудааст.

Мо дар оянда низ кӯшиш хоҳем кард, ки пойтахти давлати соҳибистиқлоламон боз ҳам зеботар ва шукуфотар гардад.

Дар робита ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки соли оянда мо таҷдиди боғи марказии ба номи устод Рӯдакиро ба муносибати ҷашни 1150 - солагии зодрӯзи ин фарзанди бузурги миллатамон бо унсурҳои миллӣ ва санъати муосири боғдорӣ анҷом медиҳем, ки бешубҳа он ҷо низ ба яке аз беҳтарин ҷойҳои истироҳату фароғати пойтахти давлати тоҷикон - шаҳри Душанбе табдил хоҳад ёфт.

Лекин бояд таъкид кард, ки ободии Ватан танҳо бо кӯшишу талоши якҷоя ва дилгармонаи ҳамаи сокинони мамлакатамон муяссар мегардад.

Бинобар ин, ба ҳар фарди дилсӯз ва бонангу номуси миллату Ватан лозим аст, ки ба хотири ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз ва сарсабзии ҳар як гӯшаи он софдилонаву содиқона хизмат карда, ба ободӣ ва сарвату дороии сарзамини аҷдодиамон ғамхорона муносибат намояд ва ҳамеша дар фикри он бошад, ки наслҳои оянда аз мову шумо, яъне падарону гузаштагони худ ифтихор карда тавонанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо- сокинони пойтахт ва меҳмонони азизро ба муносибати 15-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоматон сулҳу сафо, бахту саодат ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520