Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташриф бо хонаи деҳқони асил Тулқун Кучаров

07.10.2014 13:11, ноҳияи Қубодиён

Дар деҳаи ҳаваскори ноҳияи Қубодиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи деҳқони асил Тулқун Кучаров ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами сабзавоткории аҳли хонаводаи ӯ бевосита шинос шуд.

Зимни боздид аз ҳавлӣ ва қитъаи наздиҳавлигии ин деҳқони заҳматкаш аён гардид, ки ҳар як ваҷаб замин дар ин ҷо пурсамар истифода мешавад. Аз ҳамин қитъаи замин аҳли ин хонавода дар як сол 3 ва зиёда аз он ҳосил мерӯёнанд. Дар як замин якчанд намуди зироат корида мешавад, ки ҳар яке пайи ҳам пухта мерасад ва дар ҷойи зироати ҷаъоваришуда дигараш кошта мешавад. Танҳо аз бодиринги қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ки ҳамагӣ 20 садяк аст, онҳо 25 тонна бодиринг ҷамоварӣ кардаанд. Онҳо ҳамчунин карам, боймиҷон, сабзӣ, қаламфур ва дигар намуди сабзавот парвариш мекунанд.

Заминро онҳо тавассути сохтани гармхонаҳои муваққатӣ чор фасли сол пурсамар истифода мебаранд.

Дар деҳаи ҳаваскор мисли онҳо 200 хонавода аст, ки бо чунин сабзавоткории намунавӣ машғул буда, дар таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза, аз ҷумла сабзавоти зимистона ва барвақтӣ саҳми намоён мегузоранд.

Деҳқони асил Тулқун Кучаров бо фарзандонаш ҳамчунин дар 2 га замини корами обӣ хоҷагии деҳқонӣ ташкил намудааст.

Ҳамаи аъзои ин хонаводаи Тулқун Кучаров ва наздиконаш ризқи фарохи худ аз сабзавоткорӣ ҳосил мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520