Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо кори намунавии хоҷагии деҳқонии Навбаҳори ноҳияи Қубодиён

07.10.2014 13:14, ноҳияи Қубодиён

Дар ҷамоати 20 солагии истиқлоли Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори намунавии аъзои хоҷагии деҳқонии Навбаҳор бевосита шинос шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, ин хоҷагӣ 22 га замини корами обӣ дар ихтиёр дошта, дар 15 га пахта ва дар 7 гектари он шолӣ кишт намудаанд.

Шолии хоҷагӣ кишти такрорӣ буда, баъди ҷамъоварии ҳосили гандум корида шудааст. Аҳли заҳмати хоҷагӣ аз ҳар гектари гандум ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ ҷамъоварӣ кардаанд ва бовар доранд, ки аз шолӣ ҳам 50 сентнерӣ ба даст меоранд, зеро ҳосили он фаровон аст.

Шолии ин хоҷагӣ аз кӯчати он ба таври дастӣ дона-дона шинонда мешавад.

Ба иттилои роҳбарияти ноҳия дар 1,5 ҳазор га заминҳои ин ноҳия шолӣ кишт карда шудааст ва аксари ин заминҳо ҳосили фаровон доранд. Тибқи ҳисоби пешакӣ 7-8  ҳазор тонна шолӣ бояд рӯёнда шавад.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520