Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асоси мактаб-интернат ва мулоқот бо роҳбарияту мардуми ноҳияи Қубодиён

07.10.2014 16:13, ноҳияи Қубодиён

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати 20 солагии истиқлоли Тоҷикистони ноҳияи Қубодиён бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони мактаб-интернат барои 240 хонандаи ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд оғоз бахшид.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки биноҳои нави ин муассисаи таълимӣ дар зарфи ду сол бо харҷи 9 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ бунёд меёбад.

Дар ин ҷо як бинои нави таълимӣ барои 240 тарбиятгиранда, хобгоҳи барҳаво бо 100 кати хоб ва як бинои алоҳида барои толори варзишӣ сохта мешавад.

Ҳоло дар биноҳои кӯҳнаи ин муассиса 265 нафар тарбиятгирандагон таҳсили илму зиндагӣ мекунанд, ки 70 нафараш аз худи ноҳияи Қубодиёнанд.

Дар саҳни ҳавлии ҳамин муассиса Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Қубодиён мулоқот намуда, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда ва таъмини рушди босуботи ноҳия ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520