Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири куллии Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ

27.10.2014 15:12, шаҳри Душанбе

Пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳии Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон панҷ нафар иштирокдорони воломақоми ин ҳамоишро ба ҳузур пазируфт.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Дабири куллии Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ шуд.

“Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори болоравии нақши Созмони ҳамкории исломӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои печидаи ҷаҳони ислом пайваста кӯшишҳо ба харҷ медиҳад, буд ва мемонад”,- изҳор дошт зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Иёд Амин Маданӣ барои созмондиҳии бомуваффақияти Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе ба Сарвари давлат ва кулли масъулони Тоҷикистон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки ин ҳамоиши бонуфуз натиҷаҳои назаррас хоҳад дод.

Ҳамчунин изҳори умед карда шуд, ки зарфиятҳои молиявӣ ва сармоягузории Бонки Исломии Рушд, Хазинаи ҳамбастагии исломӣ, Идораи махсуси кӯмакҳои башардӯстона ва дигар бунёдҳои мададрасон ҷиддан боло бурда мешаванд ва кишварҳои рӯй ба рушди мусулмонӣ аз кумакҳои бештари давлатҳои қудратманди ҷаҳони ислом баҳравар мегарданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520