Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик

10.11.2014 13:31, шаҳри Душанбе

Имрӯз ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади бошукуҳи бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни касбиашон, Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик карда, аз ҷумла таъкид намуд, ки таъмини сулҳу суббот ва оромиву тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, бахусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардида, онҳо аз иҷрои ин вазифаи муҳиму бошарафи худ бо сарбаландӣ мебароянд.

Тавре зикр карда шуд, «дар солҳои охир Ҳукумати мамлакат хусусан барои таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, муосиргардонии назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба тарбияву такмили фарҳанги риояи қонуният диққати махсус дода, дар марҳалаҳои амалисозии ислоҳоти сохтори давлатӣ ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии кишвар ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо низ мунтазам идома дода шуда, дар баробари дигар сохторҳои низомии кишвар мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз ба мақомоти дорои нуфузу эътибори хоса ва мактаби муҳимми ба камол расонидани муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шуҷоъату мардонагии садҳо нафар кормандони содиқи мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои таъмини сулҳу суббот ва оромии ҷомеа ҷоннисорӣ кардаанд, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки онҳо «дар шароити тезутунд гардидани вазъияти сиёсиву ҷиноӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои таъмини ояндаи дурахшони кишвар ва зиндагии орому осудаи мардуми он талошҳои зиёд намуда хотираи неки онҳо дар саҳифаҳои таърихи навини кишварамон абадан сабт гардидаанд.

Аснои суханронӣ Сарвари давлат изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҳкими заминаи моддӣ техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамаи сохторҳои он пайваста тадбирҳои муассир андешида, барои ҳайати шахсӣ шароити мусоиди кори муҳаё карда шуда дар таъмини таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ ва бунёди иншооти замонавӣ диққати авалидараҷа медиҳад.

Таъкид шуд, ки дар панҷ соли охир 60 бино ва иншооти маъмурӣ, аз ҷумла маҷмааи варзишии «Динамо», госпитали замонавӣ, маркази назоратии “Шаҳри бехатар”, бинои 5-ошёнаи маъмурӣ барои дастаи таъиноти махсуси милитсия, бинову иншооти хизматрасонӣ дар қисми низомии 3502, инчунин якчанд иншооти соҳа дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва гуруҳи ноҳияҳои Рашт ба истифода дода шуда, ҷиҳати омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳа бунёди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз карда шуд.

Зикр гардид, ки то имрӯз 650 оилаи хизматчиёни милитсияи тоҷик бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматӣ таъмин гардидаанд ва ин раванд оянда низ идома дода мешавад.

Маоши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бошад тули даҳсоли охир 20 маротиба зиёд карда шуда, дар ин самт давра ба давра тадбирҳои муҳим амалӣ карда хоҳад шуд.

Бо қаноъатманди зикр гардид, ки давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 15 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 13 ҳазори он аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор гардидааст.

Сарвари давлат аснои суханронӣ изҳор дошт: «бо вуҷуди он, ки ҳодисаҳои содиршавии ҷиноят назар ба соли гузашта дар маҷмӯъ 570 адад кам ба қайд гирифта шудаанд, вале сатҳи ошкоркунӣ 87 фоизро ташкил медиҳад ва андешидани чораҳои иловагӣ ва боз ҳам пурзӯр кардани корро дар ин самт тақозо менамояд.

Дар интиҳои суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «бори дигар кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, дар ҷодаи хизмати бошарафу пурмасъулият ба нафъи давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон ба ҳар яки онҳо саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу намуд».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520