Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

11.11.2014 12:22, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини аввал ва муовини сарвазир Давлаталӣ Саид ва Азим Иброҳим ва роҳбарони вазорату идораҳои бахши энергетика машварати корӣ гузаронид.

Дар машварат масъалаҳои рушди соҳаи энергетика, таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ ва инчунин рафти иҷрои лоиҳаҳои инвеститсионии бахши энергетика баррасӣ гаштанд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазир ва Вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат доир ба рафти иҷрои стратегияи таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ бо қувваи барқ, истифодаи самараноки нерӯи барқ, дар фасли зимистон ва рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи энергетика гузориш доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин доир ба омода кардани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, захираи маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла мазут, ангишт ва гази моеъ, истифодаи дурусту саривақтии воситаҳои техникии шабакаҳои барқӣ ва дигар зербинои коммуникатсионӣ вазифаҳои мушаххас гузошта, ҳамчунин таъкид намуданд, ки тамоми имконият ва чораву тадбирҳоро баҳри таъмини саривақтии аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо қувваи барқ, андешида шаванд.

Масъалаҳои истифодаи технолигияҳои каммасрафи барқӣ, роҳҳои паст кардани талафоти технолигии нерӯи барқ ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда низ аз мавзӯъҳои асосии машварат буданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520