Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз бахшидан ба сохтмони се корхонаи азими саноатӣ бо 1300 ҷойи корӣ дар ноҳияи Ёвон

12.11.2014 11:22, ноҳияи Ёвон

Дар оғози боздид аз ноҳияи Ёвон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаҳои истеҳсоли варақаҳои гачкартонӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ оғоз бахшид.

Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо ду корхонаи саноатӣ бунёд меёбад, ки яке барои истеҳсоли варақаҳои  гачкартонӣ ва дувумӣ барои тавлиди масолеҳи бастубанд ва ороиши сохтмон пешбинӣ шудаанд.

Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гачкартонӣ дорои иқтидори 10 ҳазор маҳсулот дар як шабонарӯз буда, то моҳи июни соли 2015 ба кор дароварда мешавад. Муҳлати ба кор омода шудани корхонаи дуюм бошад моҳи декабри соли 2015 муайян гардидааст.

Ҳарду корхона аз ҷониби ширкати муштараки Ху Чан Ғаюр Индастриал бо харҷи 150 миллион сомонӣ сохта мешавад ва дар онҳо бо назардошти конҳои ашёи хом беш аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ташаббускорони бунёди ин корхонаҳо тасмим доранд, ки бо чунин маҳсулот натанҳо бозори дохилии Тоҷикистонро пурра таъмин намоянд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои ин иқдоми наку арзи сипос карда, барои бо сифати баланди бозоргир ва рақобатпазир ба роҳ мондани истеҳсолот маслиҳатҳои муфид дод.

Дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони корхонаи нави семент оғоз бахшид, ки дорои иқтидори солонаи 1,2 миллион тонна хоҳад буд.

Ин корхона дар муддати 1  сол аз ҷониби ширкати муштараки Ҷунг-Сай-Моҳир бо харҷи беш аз 600 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони дохилию хориҷӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 1000 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Дар ҳудуди ҳамин корхона ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гачкартонии сохтмонӣ бо иқтидори солонаи 1 миллион метри мураббаъ ва коргоҳи халтаҳои қоғазӣ бо иқтидори 80 миллион халта дар як сол бунёд хоҳанд ёфт.

Аз ҷониби ин соҳибкорон то моҳи сентябри соли 2015 як мактаби нави замонавӣ ҳам сохта ба мардуми ноҳия туҳфа карда мешавад. Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳо ҳамчунин уҳдадор шуданд, ки пас аз ба кор даровардани корхонаи семент дар ин ноҳия боз як мактаби замонавӣ барои 1300 хонанда дар ду баст ва як толори муосири варзишӣ бунёд намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520