Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии Беҳамто дар ноҳияи Ёвон

12.11.2014 11:42, ноҳияи Ёвон

Дар ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муосири парандапарварӣ бо иқтидори солонаи 1800 тонна гӯшти мурғ ба кор шуруъ намуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуриддин Нуралиев бунёд ёфтааст.

Чунонки аён гардид, ин корхона аз 7 мурғхонаи парвариши чӯҷаҳои гӯштӣ, биноҳои чӯҷабарорӣ, кушторгоҳ, яхдон ва дигар иншооти ёридиҳанда иборат аст. Дар як вақт дар 7 мурғхонаи он 245 ҳазор чӯҷа парвариш ёфта, давоми 40 рӯз ба ҳисоби миёна 1,2 кг вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мешавад. Ба ин тартиб давоми сол дар ин ҷо зиёда аз 1 миллиону 700 ҳазор мурғи гӯштӣ омода мешавад, ки баробар ба 1800 тонна гӯшти  парҳезии паранда аст.

Ҳадафи асосии ташаббускорони бунёди ин корхона ва масъулини соҳа дар марҳилаи аввал бо гӯшти мурғи хушсифати ватанӣ таъмин намудани ҷумҳурӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ барои аҳолии маҳаллӣ мебошад. Дар марҳилаи дуюм онҳо содироти гӯшти парандаро ба хориҷи кишвар ва ҳам коркарди саноатии онро ба роҳ монданианд. Барои ин ҳаҷми истеҳсоли солонаи гӯшти парандаро онҳо ба зиёда аз 4000 тонна расонда, ҳамчунин бунёди корхонаи истеҳсоли ҳасиб ва дигар маҳсулоти саноатии ин соҳаро дар назар доранд.

Ҳоло дар яке аз мурғхонаҳои ин корхона наздики 25 ҳазор чӯҷа парвариш меёбад, ки аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд.

Минбаъд чӯҷаҳои гӯштӣ барои ин корхона дар инкубатори худи онҳо бароварда мешаванд. Инкубатори корхона аз 3 камера иборат буда, дар як вақт дар онҳо 350 ҳазор дона тухм хобонда мешавад ва пас аз 21 рӯз аз онҳо чӯҷаҳо мебароянд. Иқтидори инкубатори ин корхона барои таъмини ҳамаи корхонаҳои имрӯзаи парвариши мурғи гӯштӣ дар ҷумҳурӣ басандагӣ мекунад. Ин иқтидор ҳамчунин барои минбаъд афзун намудани шумораи мурғхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулот дар худи ҳамин корхона пешбинӣ шудааст.

Сохтмони кушторгоҳи корхона дар арафаи анҷомёбӣқарор дошта, дорои иқтидори забҳи 6 ҳазор мурғ дар як шабонарӯз хоҳад буд. Дар паҳлӯи кушторгоҳҳамчунин яхдони махсус бунёд меёбад, ки барои дар ҳавои аз 18 то 40 дараҷаи таҳти сифр нигоҳ доштани то 250 тонна гӯшти паранда пешбинӣ шудааст.

Дар ин корхона ҳоло 130 нафар, ки бештари онҳо занону духтарони маҳаллианд, бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1700 сомонӣ таъмин мешаванд. Оянда бо афзун шудани ҳаҷми истеҳсолот шумораи коргарон ба зиёда аз 300 нафар расонда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ибтикори ин соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд дода, изҳори бовар намуд, ки онҳо дар ояндаи наздик натанҳо бозори Тоҷикистонро ба даст меоранд, балки дар хориҷи кишвар низ харидорони зиёд пайдо мекунанд. Беҳамто номгузорӣ шудани корхона ҳам бесабаб нест, зеро ин нахустин чунин корхонаи инноватсионии парандапарварӣ дар Тоҷикистон буда, бо навтарин технологияи аврупоӣ муҷаҳҳаз шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520