Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба кор даровардани маҷмааи истеҳсолию хизматрасонӣ бо 105 ҷойи корӣ ва корхонаи коркарди пахта бо 75 ҷойи корӣ дар ноҳияи Ёвон

12.11.2014 12:18, ноҳияи Ёвон

Дар маркази ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як маҷмааи истеҳсолию хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Мирзоев бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.

Чунонки аён гардид, ин маҷмаа дар бинои нави чорошёна бо таҳхона ҷойгир шуда, аз корхонаи ҷӯроббофӣ, корхонаи дӯзандагӣ, маркази савдо ва ошхонаи ҷамъиятӣ иборат аст.

Корхонаи ҷӯроббофии маҷмаа дорои иқтидори 9 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол буда, дар он ҳоло 83 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. 80% фоизи таркиби ҷӯробҳои ин корхона аз пахта буда, дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони доимӣ доранд. Чунонки иттилоъ доданд, оянда ҷӯроббофӣ дар ин корхона бо таҷҳизоти аз ин навтару замонавӣ ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолӣ ҳам афзун карда мешавад.

Таҷҳизонидани корхонаи дӯзандагӣ бошад, ҳоло идома дорад. Тибқи нақша дар ин корхона 30 ҳазор дона либосҳои кӯдакона дар як моҳ ё 360 ҳазор дар як сол дӯхта хоҳад шуд.

Дар ин маҷмаа, ки бо харҷи қариб 15 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, ҳоло ҳамагӣ 105 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Соҳибкори номбурда бо падару бародаронаш тасмим доранд, ки корҳои истеҳсолию хизматрасониро дар ин бино ва атрофи он идома дода, дар муддати кӯтоҳ беш аз 600 ҷойи корӣ муҳайё созанд. Оянда онҳо, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли чатрҳоро низ бунёд карданианд.

Хотиррасон бояд намуд, ки ду сол пеш аз ҷониби ҳамин соҳибкор дар паҳлӯи ин корхона маҷмааи варзишӣ низ бунёд ёфта буд. Дастпарварони гурӯҳҳои гуногуни ин маҷмааи варзишӣ аллакай натиҷаҳои намоён нишон медиҳанд.

Дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боз як корхонаи коркарди пахта ба кор дароварда шуд, ки бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст.

Тавре иттилоъ доданд, ин корхона дорои иқтидори коркарди 15 ҳазор тонна пахта дар як сол мебошад.

Барои қабул кардану нигоҳ доштани пахта ва ҳам бо сифати баланд коркард намудани он дар ин ҷо ҳама шароити зарурӣ муҳайё аст. Корхона аз ҷумла дорои тарозуи электронии 60 тоннагӣ, 4 майдончаи ғарамсозии пахта, анбору айвонҳо ва барои муайян кардани сифати маҳсулот озмоишгоҳи муосир мебошад.

Дар ин корхона 75 нафар бо кор ва маоши миёнаи 1000 сомонӣ таъмин шудаанд.

Дар паҳлӯи ин корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи равғанкашӣ асос гузошт.

Ин корхона дорои иқтидори коркарди 12 тонна пунбадона, дони офтобпараст ва ё лӯбиё дар як шабонарӯз буда, дар он 50 нафари дигар бо кор ва маоши 1000 сомонӣ таъмин мешаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520