Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшудаи мақомоти корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазифаҳои басо масъулиятноки мақомоти номбурда, аз ҷумла мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, онҳоро ба баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии худ, тарбияи кадрҳои ҷавон ва беш аз ҳама ба ҷасорату шуҷоат ба ҳангоми иҷрои вазифаҳои пурхатар ва дар айни ҳол пуршараф ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки садоқат ба халқу Ватан ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ бояд ҳамеша дар ҷойи аввал қарор дошта бошад.
Ҳамин тариқ, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардорони чанде аз раёсатҳои дастгоҳи марказии ин вазорат, роҳбарони як зумра сохторҳои минтақавии мақомоти корҳои дохилӣ ва сардорони якчанд раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иваз карда шуданд.