Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Анҷумани ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

13.12.2014 14:52, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Кохи Ваҳдати пойтахт Анҷумани 12-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки таҳти раёсати Раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.

Дар анҷумани навбатии ҳизб масъалаҳои зиёди вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони мардумӣ баррасӣ шуд.

Дар оғози кори анҷуман Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нахуст вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо солгарди 20-уми таъсиси ин иттиҳодияи муқтадири сиёсӣ табрику таҳният гуфт.

Бо ёдоварӣ аз фаъолияти бистсолаи ҳизб, аз ҷумла изҳор гардид: “Ҳизби мо ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи ҳамин аст, ки намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи ин ҳизб мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд”.

Чунонки зикр гардид, имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 4 ҳазор ташкилоти ибтидоӣ қариб 250 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид кардааст ва шумораи хоҳишмандони дохилшавӣ ба сафи ҳизб торафт афзоиш дорад. Дар сафҳои ин ҳизб ҷавонону бонувони ватандӯст, ба кори ҳизбӣ содиқ, фаъолу ташаббускор ва ташкилотчӣ хеле зиёданд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони мардумӣ зоҳир карда шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки маъракаи тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва мулоқоту дидорҳо бо мардуми кишвар бо риояи фарҳанги волои сиёсию ҳуқуқӣ, одобу ахлоқи баланди муошират, оини таҳаммулу тавозуъ бояд ба роҳ монда шаванд. Тамоми раванди омодагӣ ва баргузории интихобот бояд ба таври шаффофу демократӣ дар фазои орому осуда ва суботи сиёсии ҷомеа сурат бигирад.

Дар анҷуман ҳамчунин вакилони зиёди ҳизб аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла Аҳмадҷон Ализода, Олимҷон Сафаров, Ҷонибек Қозибеков, Дилноза Ачилова, Ҷамшед Саидов ва дигарон сухан ронда, андешаҳои ҷолиб баён доштанд. Ҳамчунин Муриват Маликшоев бо намояндагӣ аз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз вилояти Иркутски Федератсияи Русия сухан гуфт.

Дар ҷараёни анҷуман Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки муҳимтарин самтҳои рушди кишвар дар солҳои 2015-2020-ро дар бар мегирад, тасдиқ карда шуд ва Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.

Зимни пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадии 28 нафар дастгирӣ карда шуд. Аз онҳо 11 нафар занон ва аксари куллашон олимону мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои диду нигоҳи нав ба ҳаёти ҷомеа мебошанд.

Дар қисмати баррасии масоили ташкилӣ ба Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии (КИМ) ҳизб, раёсати КИМ ва дигар мақомоти марказии ҳизбӣ тасдиқ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон аз нав Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Саидмурод Фаттоҳзода муовини якуми раиси ҳизб, Асрор Латифзода ва Раънохон Бобоҷониён муовинони раиси ҳизб интихоб карда шуданд.

Рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ ба
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон:

 

АЗИЗӢ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо

23 апрели соли 1955 дар ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис, соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идоракунии давлатӣ ба итмом расонидааст. Соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзӯъи «Роли тарбия дар ташаккул ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос» ҳимоя намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ҳамчун муҳандис дар иттиҳодияи ноҳиявии "Тоҷиксельхозтехника" оғоз кардааст.
Аз соли 1979 то 1987 дар вазифаҳои гуногуни комсомолӣ (котиби озоди кумитаи комсомоли омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №57, мудири шӯъба, котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Данғара, инструктори Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон ва котиби Кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб) кор кардааст.
Солҳои 1987-1991 дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ (инструктор, мудири хонаи маорифи сиёсии Кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб, мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Данғара) фаъолият намудааст.
Солҳои 1991-94 директори Маркази шуғли аҳолии ноҳия, солҳои 1994-1995 муовини раиси ноҳияи Данғара ва аз соли 1995 то соли 2000 ба сифати Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ адои вазифа намудааст.
Соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагон аз ҲХДТ интихоб гардида, вазифаи муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
Аз соли 2001 то 2014 дар вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо фаъолият намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2014 бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо таъин гардид.
Ба унвони фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон" сарфароз гардонда шудааст.
Оиладор падари 3 фарзанд мебошад.



НИЗОМ Қосим пури Ҷаҳонгир
- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низом Қосим пури Ҷаҳонгир 16 сентябри соли 1958 дар шаҳри Қурғонтеппа таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог - журналист хатм кардааст.
35 сол собиқаи кории касбӣ дошта, ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», корманди идораи тарғиботии Иттифоқи нависандагон, муҳаррири нашриёти «Адиб» ва сармуҳаррири Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2006-2010 дар мансаби Директори муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон» кор кардааст.
Аз марти соли 2010 то ба имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо мукофотҳои давлатии медали «Хизмати шоиста», унвони Шоири халқии Тоҷикистон, медали ҷашнии «20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардидааст. 
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

 


 

 

Хайринисо Юсуфӣ
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Хайринисо Юсуфӣ – 30 марти соли 1964 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1986 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, соли 1996 Донишгоҳи озоди Тоҷикистон, соли 2003 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисосҳои байтор, ҳуқуқшинос, филолог ва менедҷер дар соҳаи идоракунии давлатӣ бо дипломҳои аъло хатм кардааст.
28 сол собиқаи кории касбӣ дошта, дар мансабҳои котиби аввали комитети комсомоли шаҳри Панҷакент, раиси Шӯрои Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, муовини раиси шаҳри Панҷакент ва муовини раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.
Солҳои 2004-2008 Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2008-2010 Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз марти соли 2010 то имрӯз Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи сиҳатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамзамон мансаби муовини Раиси комиссияи байнипарлумонӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россияро ба ӯҳда дорад.
Дорандаи ордени "Шараф дараҷаи 1" ва медали ҷашнии "20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо забонҳои русӣ, англисӣ, туркӣ ва узбекӣ озодона ҳарф мезанад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

 

 

 

АВЗАЛШОЕВА Бибидавлат Аскаршоевна

АВЗАЛШОЕВА Бибидавлат Аскаршоевна 1сентябри соли 1960 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1977 ба ҳайси телетайписти рӯзномаи «Бадахшони Советӣ» дар шаҳри Хоруғ оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои мутахассиси комиссияи банақшагирии Кумитаи иҷроияи вилоят, муовини раиси Кумитаи омор, роҳбари Хадамоти муҳоҷират, раиси Иттифоқҳои касаба ва муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст.
Аз моҳи марти соли 2010 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар соли 2011 бо медали чашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф гардидааст.

 

 

 

 

 

 

 

РАҶАБОВА Лутфия Нусратовна

РАҶАБОВА Лутфия Нусратовна 23 ноябри соли 1962 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгор ва соли 1987 Аспирантураи ҳамин донишгоҳро хатм намудааст.
Доктори илмҳои физикаю математика, профессор.
Фаъолияти меҳнатияшро соли 1987 ба сифати ассистенти кафедраи математикаи олии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон оғоз карда, минбаъд ба ҳайси муаллими калон, дотсенти кафедраи ҳамин донишкада, муовини ректори Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон, дотсенти кафедраи математикаи олии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва сарходими илмии Институти илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи июли соли 2011 инҷониб муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

 

 

 

 

 

САФАРОВ Олимҷон Ҷусупович
- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафаров Олимҷон Ҷусупович 15 июни соли 1961 дар ноҳияи Ҷиргатол таваллуд шудааст. Миллаташ қирғиз, маълумоташ олӣ, соли 1985 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ва менеҷер бо ихтисоси идоракунии давлатӣ хатм кардааст.
30 сол собиқаи кории касбӣ дошта, дар соҳаи муҳандисию сохтмонӣ ва корҳои ҳизбӣ фаъолият намудааст.
Аз соли 2001 то 2008 дар мансаби муовини раиси ноҳияи Ҷиргатол ва солҳои 2008-2011 муовини аввали раиси ноҳияи Ҷиргатол кор кардааст.
Аз январи соли 2011 то ба имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Узви комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

 

 

 

 

АМРИХУДОИ Дамдор

АМРИХУДОИ Дамдор 11 январи соли 1955 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1977 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, соли 1989 Мактаби олии ҳизбии Вилнюсро бо ихтисоси зоотехник, сиёсатшинос хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1977 ба ҳайси Сарзоотехники совхози ба номи Федченко, ноҳияи Ванҷ оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои инструктори кумитаи ҳизби коммунистӣ, директории генералии хочагии ҷангал, муовини якуми раиси вилоят ва Раиси ноҳияҳои Ишкошим ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст.
Аз моҳи ноябри соли 2013 дар вазифаи муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият менамояд.
Соли 2003 бо ордени «Шараф» ва соли 2011 бо медали чашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

 

 

 

 

 

МАНСУРОВА Дилрабо Сайдуллоевна

МАНСУРОВА Дилрабо Сайдуллоевна 29 январи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1996 Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм карда, доктори илмҳои техникӣ мебошад. Забонҳои русӣ ва англисиро озодона медонад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1997 ба ҳайси лаборанти калони кафедраи «Ресандагӣ ва иқтисодиёти соҳа» оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои гуногуни масъули омӯзгории Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2010-2014 муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ буд.
Аз моҳи октябри соли 2014 дар мансаби директори Донишкадаи мазкур фаъолият менамояд.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

 


 

 

 

ИСМАТУЛЛОЕВ Дилшод Абдуғафорович
- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Исматуллоев Дилшод Абдуғафорович 21 январи соли 1971 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1993 Академияи иқтисодии Россия ба номи Г.В. Плехановро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
20 сол собиқаи кории касбӣ дошта, дар соҳаҳои бонкдорӣ, тиҷорат ва ширкатҳои байналмиллалӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 2008-2012 дар мансабҳои сардори Раёсати сармоягузории Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун», Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикхимпром» ва Директор оид ба масъалаҳои молиявии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» кор кардааст.
Аз соли 2012 то имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

 

 


 

 

 

ХОЛИҚЗОДА Абдураҳим Ғафор


ХОЛИҚЗОДА Абдураҳим Ғафор 2 майи соли 1968 дар ноҳияи Вахш таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1994 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм карда, соли 2004 дар Институти Давлат ва Ҳуқуқи Академияи Илмҳои Русия такмили ихтисос намуда, рисолаи доктори илмҳои ҳуқуқро дифоъ намудааст, профессор мебошад.
Забонҳои русӣ, арабӣ ва олмониро медонад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 аз вожатий ва сарвожатии мактаб-интернати ёрирасони ноҳияи Вахш оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои муаллими калон, дотсенти кафедраи «Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ», мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ва муовини декани Факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мудири Шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон ва сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи майи соли 2010 Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 2014 дар вазифаи Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Cоли 2011 бо медали чашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2000 бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.

 


 

 

 

АШУРОВА Гулбаҳор

АШУРОВА Гулбаҳор 18 марти соли 1973 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1996 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси табиби акушер-гинеколог хатм кардааст. Номзади илмҳои тиб мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1997 ба ҳайси табиби акушер-гинеколог дар беморхонаи клиникии №6, шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои табиби акушер–гинеколог дар Маркази тиббӣ, мудири бахши модаршавии бехавф ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2014 дар вазифаи Директори Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад. 

 

 

 

 

 

 

 

СОДИҚОВА Насиба Нуруллоевна

СОДИҚОВА Насиба Нуруллоевна 3 майи соли 1968 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1990 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими забони урду ва забону адабиёти тоҷик хатм карда, доктори илмҳои фалсафа мебошад. Бо забонҳои русӣ, англисӣ, урду озодона ҳарф мезанад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1990 ба ҳайси лаборанти калони шӯъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, баъд дар тӯли зиёда аз 20 сол дар як корхонаи илмӣ - яъне Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик Алоуддин Баҳовадинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул шудааст. Аз моҳи феврали соли 2009 дар вазифаи муовини Директори Институти мазкур фаъолият менамояд.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад. 

 

 

 

 

 

 

 

Шариф РАҲИМЗОДА
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳимзода Шариф 12 марти соли 1959 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз хатм кардааст. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1981 ба сифати ассистенти кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 1993 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, сардори идораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Бонки иҷтимоию манзилии ИРСС дар Тоҷикистон, муовини мудири шӯъбаи Бонки иқтисодии хориҷии ИРСС дар Тоҷикистон, ноиби президенти Бонки фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ кор кардааст.
Солҳои 1993 - 2001 дар мансабҳои муовин ва муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Солҳои 2001-2006 ба ҳайси Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Ҷумҳурии Франсия, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмонҳои Европоӣ, Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) кор кардааст.
Солҳои 2006-2012 дар вазифаҳои раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 2012 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз шудааст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2013 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

 

 

 


МУҲИДДИНИЁН Пулод Муҳиддин

МУҲИДДИНИЁН Пулод Муҳиддин 18 майи соли 1959 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Москваро бо ихтисоси муҳандиси таъминоти барқу гармӣ ва газ хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1982 ба ҳайси ассистенти кафедраи «гармитаъминкунӣ ва вентилятсия»-и Донишкадаи политехникии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 1983-1992 ба корҳои илмӣ ва омӯзгорӣ машғул буда, минбаъд дар вазифаҳои гуногуни масъул ва роҳбарӣ дар маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе кор кардааст. Солҳои 2003-2006 муовин, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, мудири Шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2006-2013 муовини якуми Вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ буд.
Аз моҳи ноябри соли 2013 дар вазифаи муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Барои фаъолияти меҳнатиаш бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

 

 

 

 



МИРАЛИЕВ Қиёмиддин Абдусалимович

МИРАЛИЕВ Қиёмиддин Абдусалимович 6 сентябри соли 1977 дар ноҳияи Вахш таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1999 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппаро бо ихтисоси математика хатм кардааст. Сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсӣ мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1999 ба ҳайси ассистенти кафедраи алгебра ва геометрия дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Носири Хисрави шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои гуногуни масъул ва роҳбарӣ дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи июли соли 2014 дар вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Ба ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад. 

 

 

 

 

 

 

ҲАКИМОВ Ориф Маруфович

ҲАКИМОВ Ориф Маруфович 22 марти соли 1962 дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1985 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси зоотехник хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1980 аз мудири қисми хоҷагидории стансияи байтории ноҳияи Қубодиён оғоз карда, минбаъд ҳафт соли аввал дар вазифаҳои муовин, мудири шуъбаи ташкилӣ ва котиби комитети комсомолии ҳамин ноҳия ва баъдтар муддати беш аз 20 сол дар вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи самти истеҳсолоти кишоварзӣ – аз сарзоотехнику агроном, раиси хоҷагию сардори идораи пиллахушккунӣ то роҳбари раёсати кишоварзӣ дар ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритӯс кор кардааст.
Аз моҳи июни соли 2012 инҷониб сардори идораи кишоварзии ноҳияи Шаҳритӯс мебошад.

 


 

 

 

 

ДОСТИЕВ Миралӣ

ДОСТИЕВ Миралӣ 15 октябри соли 1958 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1981 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро бо ихтисоси солист-вокалист, овозхони опера хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1981 ба ҳайси солист-вокалисти Ансамбли тарона ва рақси «Бунафша»-и ноҳияи собиқ Совет оғоз карда, минбаъд аввал солист-вокалист ва баъдтар директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва солҳои 2006-2013 муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор кардааст.
Аз моҳи декабри соли 2013 инҷониб дар вазифаи директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ фаъолият дорад.
Бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» ва унвонҳои дигари давлатӣ қадршиносӣ карда шудааст. 

 

 

 

 

 

 

 

ЛОИҚОВ Қаноатшо Холиқович

ЛОИҚОВ Қаноатшо Холиқович 1 феврали соли 1971 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишкадаи омӯзгории Қӯрғонтеппа ва соли 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои омӯзгори фанни педагогика, ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи Машваратчии шӯъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад. 

 

 

 

 

 

 

 

БАДРИДИНОВА Раҷабмо Ҳабибулоевна

БАДРИДИНОВА Раҷабмо Ҳабибулоевна 25 ноябри соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1988 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 ба ҳайси Юристконсули фабрикаи дӯзандагии шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои Ёрдамчии судя, мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, роҳбари дастгохи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрванди ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи майи соли 2010 дар вазифаи Сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад. 

 

 

 

 

 

 

УРОҚОВ Исломиддин Холмуродович
- мудири Шӯъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе


Уроқов Исломиддин Холмуродович 20 феврали соли 1978 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1999 Донишгоҳи давлатии ба номи М.В.Ломоносови шаҳри Москва ва соли 2002 Коллеҷи миллии «Брук - Хауз» - и шаҳри Лестери Британияи Кабирро бо ихтисоси менеҷер – иқтисодчӣ ва тиҷорат-сиёсатчӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси сармутахассиси Раёсати робитаи иқтисодӣ ва савдо бо хориҷи дури Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан ҳамчун Раиси Корхонаи дорои масъулияташ маҳдуди «Сириус- Т», ноҳияи Ҳисор, раиси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хуросон»-и ноҳияи Ҳисор, сардори Шӯъбаи «Маркетинг ва бозорҳо»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Фароғат»-и шаҳри Душанбе ва директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Қамар ва Ф» дар шаҳри Душанбе кор кардааст.
Аз декабри соли 2011 то имрӯз мудири Шӯъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе мебошад.
Бо забонҳои русӣ ва англисӣ озодона ҳарф мезанад ва бо технологияи муосири компютерӣ кор карда метавонад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

 

 

 

САИДОВА Ҷамила Самадовна

САИДОВА Ҷамила Самадовна 23 октябри соли 1965 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1988 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-олим хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 ба ҳайси агроном - энтомологи хоҷагии ба номи А.Синои ноҳияи Восеъ оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои мудири шӯъбаи Институти боғпарварию сабзавоткорӣ, мутахассиси кишоварзии ташкилоти байналмилалии «Ҳайати шафқат», котиби илмии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои ҷумҳурӣ кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Оиладор, соҳиби 1 фарзанд мебошад. 

 

 

 

 

 

 

 

ШАРИФӢ Фирӯза Бурихонзода

ШАРИФӢ Фирӯза Бурихонзода 6 октябри соли 1973 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1995 факултаи филологияи тоҷик ва соли 2014 факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз гардида, солҳои 1996-1999 таҳсилро дар шуъбаи рӯзонаи Аспирантураи ҳамин донишгоҳ идома додааст.
Минбаъд дар вазифаҳои гуногуну масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, мансабҳои роҳбарикунандаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон кор карда, ҳамзамон солҳои 2006-2013 раисии бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоятро низ ба уҳда доштааст.
Аз феврали соли 2013 то кунун дар вазифаи мудири шӯъбаи кор бо занони КИМ ҲХДТ ва ҳамзамон муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият дорад.

 

 

 

 

 

 

 

МАҶИДӢ Юсуф Хайрулло

МАҶИДӢ Юсуф Хайрулло 7 августи соли 1986 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 2007 Донишгоҳи давлатии текстили шаҳри Москва ба номи А.Н.Косыгинро бо ихтисоси муҳандиси технологияи бофандагӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2007 ба ҳайси мутахассиси пешбари шӯъбаи рушди соҳаҳои индустралии Вазорати рушди иқтисод ва савдо оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2014 дар вазифаи муовини сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.

 

 


 

 

 

НИДОЕВ Ҳусейн Болтаевич

НИДОЕВ Ҳусейн Болтаевич 4 феврали соли 1965 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1988 Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро бо ихтисоси омӯзгор хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 аз омӯзгори мактаби миёнаи №5-и ноҳияи Панҷ оғоз карда, солҳои 1999-2005 дар вазифаҳои мудири шуъба оид ба масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва муносибатҳои байналхалқии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ва раиси ҷамоати деҳоти «Нури Ваҳдат»-и ноҳияи мазкур идома додааст.
Аз моҳи марти соли 2005 инҷониб роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон шуда кор мекунад.
Оиладор, соҳиби 7 фарзанд мебошад. 

 

 

 

 

 

 

 

 

РАҲМОНОВА Ҷамила Мирзоевна

РАҲМОНОВА Ҷамила Мирзоевна 20 майи соли 1964 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1989 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог хатм кардааст.
Номзади илмҳои филологӣ, дотсент мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба ҳайси лаборанти шуъбаи тайёрии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои лаборанти калон, методист, ассистент, мудири кафедра,ҷонишини декани факултети журналистикаи ҳамин Донишгоҳ кор кардааст.
Аз моҳи марти соли 2012 инҷониб ҳамчун муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият дорад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

 

 

 

 

 

ҚОСИМОВА Солия Абдукаримовна 

ҚОСИМОВА Солия Абдукаримовна 12 декабри соли 1959 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 филиали дар шаҳри Қӯрғонтеппа будаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси омӯзгор хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба сифати мудири китобхонаи шуъбаи фарҳанги шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намуда, минбаъд ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи №45-и ноҳияи Бохтар, сарнозир, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Қӯргонтеппа ва раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фаъолият кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2012 инҷониб муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон шуда кор мекунад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

 

 


 

 

 

 

РАҲМОНЗОДА Абдулло Қурбоналӣ

РАҲМОНЗОДА Абдулло Қурбоналӣ 21 феврали соли 1983 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 2005 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос - омӯзгор хатм карда, солҳои 2005-2009 таҳсилро дар шуъбаи ғоибонаи Аспирантураи Донишкадаи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2005 ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналхалқии Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд ба ҳайси муаллими калони ҳамин донишгоҳ, мутахассиси пешбар ва баъдтар муовини сардори шуъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз моҳи январи соли 2013 инҷониб ҳуқуқшиноси Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шуда кор мекунад. 

 

 

 

 

 

 

ШАРИФОВ Шариф Шомаҳмадович

ШАРИФОВ Шариф Шомаҳмадович 8 марти соли 1958 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1981 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси омӯзгор хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1975 ба ҳайси колхозчии колхози «Тоҷикистон»-и ноҳияи Айнӣ оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои гуногуни масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Айнӣ ва Зафаробод, аз ҷумла мудири шӯъбаи маориф, мудири шӯъбаи ташкилӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2014 дар вазифаи мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод фаъолият менамояд.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

p style=

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520